Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 104 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 104 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Чӣ хеле гуфтам “девор муш ва муш гӯш дорад” ва моро маҷбур насозед, ки шуморо аз ҳамин як имконияти доштаатон ҳам бо овардани шоҳид маҳрум созем.
-Бе иштироки ҳимоячӣ ман дигар каломе ба забон нахоҳам овард. Рафту агар гӯноҳам аён бошад, ҳар кори аз дастатон меомадаро дар нисбатам раво бинед.
-Моро маҷбур насозед, ки дар нисбати шумо чораи ниҳоӣ андешем.
-Бе собит намудани гуноҳ чӣ тавр метавонед ба ин амал даст занед?
-Шумо бо ҳамон як сухани ноҷои хеш куштори сарвари корхонаатонро пурра ба гардан гирифтед ва барои боздошти шумо ягон далели иловагӣ лозим намешавад, чунки мо метавонем шуморо бо нафаре рӯ ба рӯ намоем, ки он суханони таҳдидомезатонро шунидааст ва на танҳо шунида...
-Боз чӣ хел на танҳо шунида...
-Он тарафашро бояд худатон фаҳмед.
-Не, ман намефаҳмам, модоме ки бандаро нияти боздошт намудан доред, хуб мешуд агар бо далелҳои аниқ гуноҳамро дайн мекардед.
-Албатта, собит намудани дараҷаи гуноҳатон ҳам дар асоси талаботи қонун сурат мегирад.
-Дар асоси қонун, дар асоси қонун!... Ба шумо муҳимаш бо ҷурми хурдакаке гуноҳи нафареро дайн намудаву ӯро ба милиса кашола карда овардан аст, он тарафаш дар дасти худатон...
-Танҳо дар ҳолате ки шахси ба андешаи шумо овардаамон гунаҳкор бошад, дар акси ҳол мо ҳам дар назди қонун дасткӯтоҳем.
-Гуфторатон ба рафторатон як нест, вагарна чӣ тавр бандаро бе ягон асос, бе собит намудани гуноҳ ба ин ҷо овардед?
-Чӣ хеле гуфтам, дар ин ҷода моро душворие дар пеш нест, чунки ба хотири пул шуда шумо ҳампешаи хешро, ки замоне гуноҳашро рӯйпӯш карда будед, таҳдид намудед.
-Боз ҳамон қиссаи кӯҳнаро ба гӯши ман ҳалқа намуданиед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан