Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 105 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 105 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Қисса дар ҳақиқат кӯҳна аст ва маҳз бо дастгирии шумо, ки худатон ба он пероҳани тоза пӯшонидед, мо ба он таваҷҷуҳ намудем.
-Чӣ хел пероҳан? Рост гуфтаанд, ки дар пеши даҳон кутал нест ва ҳарчи хостед гуфтед, вале ман боз арз мекунам, ки дар зери теғи ҷарроҳ будам ва баъди аз қаҳвахонаи “Дидор” баромадан дигар рангу раҳмати Руҳулло Ғаффорро надидам.
-Инаш чандон муҳим нест ва акнун, ки Руҳулло Ғаффор дар қайди ҳаёт нест, гумон мекунам парвандае, ки шумо аз рӯйи он се солро паси панҷара сипарӣ намудед, бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав аз нав мавриди баррасӣ қарор мегирад ва шумо ба ҳамаи суолҳои пайдошуда ба ҷойи ду кас ҷавоб хоҳед гуфт.
...
-Ҳоло, ки дер нашудааст, сари ин масъала андеша намоед, чунки дар ин самт мо далелҳои раднашаванда дорем, вале мақсади мо танҳо гунаҳкор кардани инсонҳо нест.
Магар милисаро мақсади дигаре низ ҳаст?
Мақсади тафтишот ин аслан кӯшиш намудан бар он аст, ки нафари дидаю дониста ё тасодуфан пой ба болои қонун гузошта гуноҳи хешро дарк намояд ва ҷазое, ки қонун барои чунин амалҳо пешбинӣ намудааст, бипазирад ва баъди адои ҷазо боз дар ободии ҷамъият саҳм гузорад.
-Ваҳ, ваҳ чӣ суханони зебое! Кас агар надонад, ки милисаро чӣ мақсаду мароме дар сар аст, ба рости, ба суханони шумо бовар кардан мумкин буд. Аммо Худо шоҳид, ки банда аллакай як бор фирефтаи ҳамин суханони неки ҳампешагони шумо гашта, рост ба паси панҷара рафтам ва ҳангоми адои ҷазо қувваи рӯҳию равонии хешро аз даст додам. Ҳоло дида истодаам, ки ба гумон аст, дар ободони ҷамъияте, ки дар борааш сухан гуфтед, саҳм гузошта тавонам, зеро мақсади аслии шумо дигарбора маро ба зиндон фиристодан аст.
-Ҳар кас подоши амали хешро мегирад ва дар ин ҷода милисаро гунаҳкор намудан аз рӯйи инсоф нест. Зиндон бошад, ҳама вақт ба афроде, ки роҳи ростро хуш надоранд, ниёз дорад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан