Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 103 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 103 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ин тарафи корро низ мо то кунун инкор накардаем.
-Яъне, дар марги Руҳулло Ғаффор шумо аз ман домангиред?
-То андозае.
-Бандаро чӣ зарурияте будааст, ки қасд ба ҷони вай намоям?
-Ҳисобҳои кӯҳна.
-Нафаҳмидам.
-Андеша намоед.
-Андешаи чӣ?
-Андешаи он ки чӣ тавр дар қаҳвахонаи “Дидор” ба собиқ сармуҳосиби корхонаатон таҳдид намудед.
-Инро ба шумо кӣ гуфт?
-Чӣ фарқ дорад?
-Мо ҳамин хел як суҳбати рафиқона доштем. Ё мехоҳед ин дафъа куштори Руҳулло Ғаффорро низ ба зимма гирам?
-Моро ҳаргиз чунин мақсад набуд ва нахоҳад шуд.
-Пас ин ҳама дунболгириатонро сабаб чист?
-Сабабаш таҳдидҳои шумо ва аз хотир набароред, ки девор муш ва муш гӯш дорад.
-Модоме ки далел доред, пас равшантар гап занед, вагарна ба гумон аст, ки банда ба шумо ёрӣ дода тавонам.
...”Аз касофатии ту шуда ман зиндонӣ шудам, гуноҳро пурра ба зимма гирифтаму туро нафурӯхтам, пас куҷост пули он бор, танҳо ин дафъа дурӯғ нагӯй, вагарна...” Магар ин порае аз суҳбати шумо нест?
Ин бофтаи хаёлоти шумост, ки мехоҳед маро ба дом кашед.
Бадбахтии шумо танҳо дар он нест, ки се сол пеш мутеъи нафс шуда, ба ҷиноят даст задед, балки шайтони алайҳилаъна дубора бо васвасаи хеш шуморо барои гирифтани ҳиссаатон ба назди собиқ ҳампешаи ҷинояткоратон бурд ва чун эшон пешниҳодатонро напазируфт, боз ӯро нияти ба зону шинондан намудед ва акнун қобилияти ба зимма гирифтани суханони хешро ҳам надоред.
-Дурӯғ ҳамааш дурӯғ, канӣ шоҳид...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан