Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 102 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 102 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Тамом?
-Чӣ хел тамом?
-Оё боз ягон сухани ногуфтаатон ҳаст?
-Нест.
-Ин тавр бошад, марҳамат намуда, ба курсӣ нишинед, - дуюмбора курсиеро ба мусоҳиби ҳанӯз пушти дар рост истода нишон дода гуфтам ман.
Файз Камол гузашта ба курсӣ нишаст.
Баҳри рӯшанӣ андохтан ба шикояти Файз Камол маҷбур шудам, ки дар ин бора ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, ки бо супориши банда ба манзили собиқ ронандаи ЧДММ “Шаҳноз” ташриф оварда буд, муроҷиат намоям. Аз ҳамин лиҳоз пурсидам:
-Рафиқ лейтенанти калон, худаш чӣ гап?
-О ин худозада чӣ нағмаҳое накард! Мақсади ташрифи бандаро шунида, қариб буд, ки аз балкони хонааш худро ба поён ҳаво диҳад. Рафту агар ин кас ба нағмаю усули зиёдатӣ даст намезад, ман метавонистам дар манзили зисташ дубора бо вай суҳбат намоям. Акнун ки ӯро ба ин ҷо ба қавле кашола карда овардам, дигар бандаро аз нағмаҳои эшон боке нест, чунки санг ҳам ҳамин ҷост ва сангшикан ҳам...
-Ба инаш чӣ мегӯед? - ба тарафи собиқ ронанда нигариста пурсидам ман.
...
-Модоме ки ба даҳон об гирифтаед, маълум мешавад, ки дар суханони нафаре, ки аз болояш шикоят намудед, муболиғае нест. Аз ҳамин лиҳоз мехостам сари чанд суоле, ки посухи аниқу дақиқро талаб мекунанд, ба шумо муроҷиат намоям. Ҳамзамон бояд шуморо огоҳ намоям, ки ин суҳбати расмист ва ба диктофон сабт карда мешавад.
-Барои ман фарқе надорад, чунки ман дар зери теғи ҷарроҳ будам ва инро шумо аз ман хубтар медонед.
-Ин ҷо ҳақ ба ҷониби шумост, агар...
-Гумон доред, ки ман қотилрро киро намудаву пас худ ба беморхона рафтам?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан