Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 101 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 101 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Худаш чӣ гап? Охир худ шоҳид будед, ки банда ҳамагӣ як шабонарӯз пештар аз беморхона баромадам ё баъди ба озодӣ баромадан ҳам муҳофизони қонун ба нафароне, ки муҳлати ҷазоро адо намудаанд, чун бало ба гови ало нигоҳ мекунанд? Инсоф ҳам даркор, бародарон. Милиса шудам гуфта дигар ҳама гуна амалро ба худ раво мебинед...
-Ором шавед,- гӯён ман курсиеро ба Файз Камол нишон додам, вале ӯ таклифи бандаро напазируфт ва чун талабаи пеши тахтаи синф рост истода суханашро давом дод:
-Ором шавед будааст, чӣ хел ором шавам, шумо худатонро як маротиба ҷой нафаре, ки маҷбуран ба милиса кашола карда меоредаш, тасаввур намоед.
Дар нигоҳи Файз Камол нисбати интиқолдиҳандааш ба милиса он қадар қаҳру ғазаб ҷӯш зада, ки агар садди роҳи шикоят намуданаш мешудам, эҳтимол торс мекафид. Аз ҳамин лиҳоз худро тарзе вонамуд кардам, ки гӯё каломеро аз забони эшон то кунун нашунидаам ва ин амалам боиси аланга гирифтани дарду аламаш гашту яку якбора шӯрида рафт:
-Ба гумонам, шумо хуб огоҳӣ доред, ки ман барои амали ночизе се соли умрамро дар паси панҷара гузаронидам ва ҳанӯз имкони аз ҳавои тоза нафас гирифтан наёфта, бо дарди ҷонкоҳе ба беморхона афтидам ва чун дар ҳуҷраи беморхона чашм кушодам ин ҷанобро (Файз Камол бо ангушташ ба тарафи Абдурашиди Шариф ишора намуд) болои сарам дидам. Ҳарчанд он замон маҷоли сухан гуфтан ҳам надоштам, бо азобе ба саволҳои эшон посух гуфтам. Чанде баъд фаҳмидам, ки милиса барои бехатарии ман дар беморхона назоратчӣ гузоштааст, ки банда барои ин амали инсондӯстона то қиёмат аз милиса сипосгузорам. Чун аз беморхона баромадам, назоратчӣ ҳамоно маро ба гӯшаи фаромӯшӣ дод ва соате пас, шумо чӣ хеле ки худатон гуфтед, баҳри аёдатам қадам ранҷа фармудед. Дар ҳамон ҷо ҳам ба шумо гуфтам, ки банда дар амале, ки ба сари Руҳулло Ғаффор омадааст, даст надорам. зеро баъди ҷарроҳие, ки тариқи маводи беҳушкунанда сурат гирифта буд, аз оламу одам бехабар масти хоб будам. Боз аз ман чӣ мехоҳед? Наход заррае инсоф надошта бошед, ки нафари беморро ба ин ҷо кашола карда овардед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан