Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 491 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 491 аз 499 · 2 ноябри 2026

Панҷум, шояд дуои ҳамин духтараки бекасу кӯии назди даргоҳи Оллоҳ таолло мустаҷоб шудаву Худованд писари яккаву ягонаамро аз ҳама балову офатҳо эмин дошта, боз ба наздам овард. Ман худ як маротиба мӯйсафедамро барои ба мулки ободтаре рафтан ҳидоят намуда, чӣ тавр ба ғазаби Парвардигор гирифтор шуданамро ҳанўз аз ёд набаровардаам, чунки чароғи хонадони мардони орифро хомӯш намуда, ҳаваси рўзгори беҳтареро дар сарам ҷой намудам, бехабар аз он ки аз дунболи мусофир сад балост.
Шуморо-ку намедонам, вале ман метарсам ва нафаре ки ҳангоми нӯшидани шир сӯхтааст, ҳатто дуғро ҳам пуф карда (хунук карда ) менӯшад. Пас чаро ман нафареро, ки Худованд худаш соле пас аз марги панҷ фарзандам ва бозгашт аз муҳоҷират чун туҳфаи хеш ба ин кошона овард, бе ягон асос аз ин хона берун созам. Ин амал баробари он аст, ки пушт ба сўӣи нур (Оллоҳ таоло дар назар аст ) гардонам...
Дар он лаҳзаҳо ў дар сари чашма машғули шустани косаю табақ буд ва тамоми суханони модарро, бо он зани шаттоҳи ба гуфтушунид омада, ки модар ба гуселаш баромада буд, шунид... Модар ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки духтари парвардааш дар дохили обхона (дар кӯҳистон гирди чашмаро ба мақсади тоза нигоҳ доштани он девор мекарданд. Ш.А. ) машғули шустушўӣ аст ва мақсаду мароми хешро ба нафаре, ки аз номи модари дугонааш кафил шуда омада буд, баён намуд...
-Нияти модар ҷиддӣ будааст ва оё ман ҳуқуқ дорам, орзуҳои модарро, ки дар тарбияам ин қадар солҳо ранҷ бурдаву заҳмат кашидааст, поймол созам?
...
Ба ин суол дар ҳамон лаҳзаҳо духтар посух наёфт.Чун модар он занро гусел намудаву гашта ба хона рафт, лаҳзае пас вай косаю табақашро ғундошта, аз обхона баромад...
Баромаду дар рў ба рўяш Шоҳи хонадонро дид, шояд ў ҳам кадоме аз меҳмононро гусел намуда буд ё кӣ медонад вай низ элак баҳонаю дидор ғанимат гуфтагӣ барин, сари роҳи ў баромада буд...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан