Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 490 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 490 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Чӣ?
-Он чӣ шунидӣ.
-Чаро эътироз накардӣ?
-Тарсидам.
-Аз кӣ?
-Аз модарам, нахостам ўро ранҷонам.
-Охир шумо чун хоҳару бародар якҷо калон шудед.
-Дуруст аст ки мо зери як бом калон шудаем, вале ҳамагон огоҳанд, ки ҳаргиз аз пистони як модар шир нахӯрдаем ва аз ҳамин лиҳоз касе моро ширхора ҳукм карда наметавонад.
-Хайр чӣ?
-Хоҳиш мекунам маро ба ҳолам гузор. Агар гуфтание дошта бошӣ, ба назди модарам рав ва ё ба худи Шоҳ муроҷиат намо.
-Мардумон беҳуда нагуфта будаанд, ки лӯлиён лаб - лаби бом, хапако корро тамом. Ба ростӣ, ту аз ҳамон хапакҳо будаӣ! гӯён бо ғазаб дугонааш аз ў дур шуд. Соате пас ба сари чашма барои овардани об рафт ва аз миш - миши дар сари чашма будагон ба хулосае омад, ки рози ниҳони хонадони онҳо аллакай вирди забони бадгӯён гашта. Ҳарчанд духтар то кунун бо Шоҳи хонадон аз наздик вонахӯрда ва сари ин масъала ба машварат нанишаста буд, вале овозаҳо дар атрофи муносибати ў ва бародараш ба гӯши модар низ расид ва ин амал ғазаби кампирро дучанд карду суханчини бадгуҳарро ҳамоно ба ҷояш шинонда гуфт: - Сараввал ин ки ман духтарро калон кардам, вале ба ў шир надодам, чунки дар замоне қадами мубораки тифл ба ин хонадон расид, писари ман аллакай даҳсола буд.Тифл ҳам замони ба ин деҳа омаданаш сесола буд ва дигар ба шири модар эҳтиёҷ надошт, аз ҳамин лиҳоз касе ўро дар ин деҳа шир надодааст, пас онҳоро касе наметавонад ширхора ҳукм намояд. Дуюм, духтар дар пеши чашми худам калон шуд ва ман кию чӣ будани вайро аз дигарон бештар медонам. Сеюм, ў аз авлоди аслзодагон аст ва ҳамагон воқифанд, ки падари духтар чӣ шахсияте буд ва агар дасти шахшӯли аҷал аз гиребони модараш намегирифту падарашро кулак ҳукм намекарданд, ўро касе ба ин минтақаи сард намеовард. Чорум, дар ҳусну малоҳат ва одобу ахлоқ касе дар пояи духтари парвардаи ман намерасад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан