Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 492 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 492 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ба ту ҳайронам, духтари Шоҳ,-баробари ўро дидан гуфт сарбоз.
-Нафаҳмидам.
-Наход маро ёд накарда бошӣ?
-Ёд кардам.
-Пас чаро боре ҳам аз аҳволам напурсидӣ?
-Чунки ҳамин имкониятро ҳам модарам аз ман гирифт.
-Туро мефаҳмам, вале ақидаатро намепазирам.
-О, ин чӣ хел мешавад, охир мо...
-Мо фақат зери як бом калон шудаем ва Худо шоҳид бо нияти бад то имрўз дасти якдигарро надоштаем.
-Магар мардум ба ин бовар мекунанд?
-Дузд гумони дуздӣ мекунаду ғар гумони ғарӣ, муҳим он аст, ки мо ба ҳамдигар бовар намоем.
-Бе муҳаббат?
-Гумон намекунам ки худат нисбати банда бетафовут бошӣ.
-Шояд чунин ҳам бошад, вале дар чунин муҳлати кӯтоҳ ба як хулосаи аниқ омадан мушкил. Охир ин савдои умр аст ва барои ҳаллу фасл шудани он як бовари кофӣ нест.
-Яъне, худат бори аввал сари ин масъала андеша дорӣ?
-Шумо чӣ?- ба ҷойи ба суол посух гуфтан суол дод духтар.
-Ба ёд биёр ҳамон рўзеро, ки моро ба ҷанг гусел намудед ва ҳангоми видоъ ман ба ту чӣ гуфта будам?
-“Гиря накун, духтари Шоҳ, ман албатта бармегардам, бо зафар бармегардам, барои ту бармегардам,”-ба ёд овард ў суханони нафари дар рў ба рўяш истодаро, вале бо овози шунаво гуфт: - Ба ёд оварда наметавонам.
-Бовар намекунам.
-Чаро?
-Чунки ҳақиқатро пинҳон доштӣ.
-Чӣ хел пинҳон. Кадом ҳақиқат ва чаро ман онро пинҳон медоштам?
-Се сол пеш ман айнан ҳамон каломеро ба забон овардам, ки дишаб дар пеши дар гуфтам ва ба суханони болохонадори модар гирифтор шудам. Ман нағз дар ёд дорам, ки ҳамон вақт ҳам баъди шунидани он каломи аз забони банда буруномада рухсораҳоят чун ҳозира арғувонӣ шуда буданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан