Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 484 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 484 аз 499 · 2 ноябри 2026

Момои Қимат он шаб дигар азми ба хонааш рафтан накард.
Бо амри модар ба хотири бозгашти бародар ў дастурхон густурд ва кампирро ҳарчӣ дар хонадон буд, болои дастурхон гузошт ва ҳама якҷоя то намози бомдод суҳбат карданд. Момои Қимат аз писараш Ҳақназар, ки ду сол пеш хати сиёҳаш омада буд ва боз аз ҳамаи ҳамдеҳагони дар як рўз ба ҷанг рафтааш пурсон шуд.
-Тайи се моҳи аввал мо ҳама дар таълимгоҳи ҳарбии Шаҳрисабз якҷоя будем ва сипас моро бо навбат ба гурўҳҳои алоҳида ҳамроҳ намуда, ба фронт фиристоданд. Чун самти фронтро ҳаду ҳудуд набуд, дигар онҳоро надидам.
-Чаро дар муддати ҳашт моҳ ягон нома нафиристодӣ?- гила намуд модар.
-Чунки захмдор будам.Тайи ин муддат ду - се маротибаи дигар аз беморхонаи ҳарбӣ нома ҳам фиристодам, вале акнун фаҳмидам, ки онҳо ба дасти шумо нарасидаанд. Охир ҷанг – ҷанг аст ва дар роҳ ҳар ҳодиса шуданаш мумкин.
-Шукри худо ки омадӣ, агар мурам ҳам, беормон мемирам, вале афсус ки ҷўраҳои ҳамроҳат ба ҷанг рафтаро наовардӣ,- бо нӯги руймолаш ашки дар бари рухсораш ҷаршударо пок карда гуфт модар.
-Ҳамаи ин бадбахтиҳо аз касофатии ҳамин ҷанг аст, ки садҳо ҳазор модаронро аз писар, занонро аз шавҳар гулдухтаронро аз ҷавонони дӯстдоштаашон ҷудо намуда, миллионҳо нафар кӯдаконро ятиму бе сарбон кард,-гуфт нафаре, ки соате пештар дар пушти дар рост меистод.
-Илоҳо хонаи Гитлери хунхор бисўзад!- писарашро ба ёд оварда ашкрезон гуфт момои Қимат.
-Иншооллоҳ, аллакай хонаи Гитлер оташ гирифтааст ва ғалаба наздик аст,-хулосаи хешро гуфт нафаре ки ба хотири озодӣ асо ба даст гирифта буд.
Дар суҳбати оншаба танҳо ў ҳамроҳ нашуд. Суханони модар вайро ҳеҷ ором нагузошт, ки нагузошт. Наход маро ба мақсади келин намудан калон карда бошанд ё шояд модар ин суханонро барои ҳифзи ман аз нигоҳи марди бегона гуфт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан