-Охир ману Ҳақназар ҷӯра будем.
-Аз ў хати сиёҳ омад ё худат хабар надорӣ?
-Хабар надорам.
-Духтари Сайрон.
-Ман,-очаҷон, базӯр худро ба даст гирифта гулӯ рушан кард духтар.
-Рафта бибии Қиматро ҷеғ зан!
-Хуб шудааст,- гӯён вай аз пай супориши модар рафт ва баъди панҷ – шаш дақиқа ҳамроҳи ҳамсоя аз нав вориди хона шуд.
Модар ҳамсояро аз рафти воқеаҳои дар ин нимашаб рухдода огоҳ кард ва аз ў дар ҳалли ин муаммои сарбаста имдод хост.
Ҳамсоя ҳам дар ҳалли ин муаммо дар аввал лол монд ва шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки аз ҳамаи он гурӯҳи дар як рўз ба ҷанг рафта, хати сиёҳ омада буд ва тайи ҳашт моҳи охир аз нафаре ки акнун мавриди баҳси онҳо қарор гирифтааст, хату хабаре набуд. Дуюм, нафарони се сол пеш ба хизмати модар Ватан сафарбаршуда ва боз асо ба даст дар намуди зоҳирӣ ба андешаи кунунии ҳамсоя хурдҷуссатар буданд, ин ҷо бошад нафаре бо мўйи сари марғула, муйлаб ва асо ба даст.Ҷисмаш ҳам дар нисбати дӯсти писараш Ҳақназар бузургҷуссатар...
-Акнун чӣ мегўй?- ниҳоят муҳри хомӯширо шикаста пурсид соҳибхона.
-Аз ҳамон холи бари рухсораш ба дўсти Ҳақназари ҷун монанд.
-Айнан чунин хол ўро дар сари шонаи дасти чапаш буд.
-Ба инаш чӣ мегӯед?-нигоҳашро ба тарафи ҷавони низомипӯш дӯхта гуфт ҳамсоя.
-Ба фикрам, бандаро ба ҷуз нишон додани он хол дигар чорае нест,- гӯён аскар дилу бедилон тугмаҳои қисми болои гимнастёркааш (куртаи ҳарбӣ) –ро кушод. Дар рўшноии сиёҳчароғ ҳарду ҳамсоя сари шонаи дасти чапи сарбозро муоина намуданд. Баробари дидани холи сари шонаи дасти чапи писар модар аз ҳуш рафт. Се тан бо азобе ўро ба ҳуш оварданд. Модар, ки қариб маҷоли ҷунбидан надошт, бо имо сарбози ҳанўз лолу ҳайронро ба сўйи хеш хонд ва аскар ба таъзимаш сар фуруд овард...Модар сари ўро ба оғўш гирифта, бӯиду бусид, гиря карду шукр гуфт...





