Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 485 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 485 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чӣ лозим буд чун нахӯди пеши қошуқ ба пеши дар рафтан.
Ана акнун ёбу гир. Чаро ман тайи ин қадар сол нимкосаи таги косаро надидам. Агар мефаҳмидам ҳамон соле, ки падарам ба суроғам омада буд. ҳамроҳаш мерафтам...
Духтар дуздида – дуздида ба аскар, ба нафаре, ки зиёда аз даҳ сол ҳамроҳаш зери як бом умр ба сар бурда буду бародараш мехонд ва акнун суханони чун тир аз забони модар буруномада қалби ҳардуро шикаставу боиси нигарониашон шуда буд, назора мекард...
Либоси ҳарбӣ дар тани сарбоз хеле шинам буд ва шояд ҳамин либос дар чашми бинанда ўро босалобат нишон медод.
Аз нақли сарбоз ҳамин қадар фаҳмид, ки тайи чанд моҳи охир ў дар яке аз госпиталҳои ҳарбии шаҳри Кисловодск табобат гирифтааст...
Суханони модар гўё забонашро баста буд. Рафту модар ҳамин суханонро ба забон намеовард, ў худро ба оғўши бародар партофта, чун фарзанди падар рўю мӯяшро бӯсаборон намуда, акаҷонам мегуфт, вале...
Бо ҳамон як сухан модар қалби ў бишикаст ва ҳама орзуҳояш ба боди фано рафт.
“Дигар ман ба рўии вай чӣ хел нигоҳ мекунам, охир мо мисли бародару хоҳар ба воя расидаем.”
-Эҳ, модар, модар, ин чӣ коре буд, ки дар нисбати мани

  • ғарибу бекас раво дидӣ. Ҳатто имкон надодӣ, ки дар омадани акаҷонам ашки шодӣ резам, охир ман ўро чун бародар ёд карда будам на чун домод. Акнун чӣ мешавад, худам ҳам намедонам. Дигар забонам ҳам намегардад, ки вайро ака гӯям.
    Пас ман ба вай чӣ гуфта муроҷиат намоям?
    Вай боз дуздида-дуздида ба сарбоз нигарист ва чун нигоҳҳо ногаҳон ба ҳам бархӯрданд, ў нигоҳашро ҳамоно ба фарш дӯхт. Охир вай орзу дошт аз дидори бародар сер шавад, вале модар инро нахост. Гӯё модар барои ба забон овардани ҳамон як сухан лаҳзаи аз он муносибтаре намеёфт. Бо ҳамин як сухан модар натанҳо маро, балки писарашро ҳам дар вазъияти ноқулай монд ё шояд модару писар пештар ҳам сари ин масъала гуфтугӯе доштаву ба мувофиқа омада бошанд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан