Баъди кушодашавии роҳи автомобилгарди Душанбе- Хоруғ, ки тӯли як саду шаш рўз давом кард, кори мардуми деҳаҳои атрофи ағбаи Хобу-Рубот баръакс зиёд шуд. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ҳар баҳор ағбаеро, ки аз сатҳи баҳр 3258,2 метр баландӣ дошт, аз барф тоза кардан лозим меомад.
Масофаи наздиктарин аз маҳаллаҳои аҳолинишин то роҳи аз кӯҳдомони ағба гузашта истода аз се то панҷ километрро ташкил медод. Ва ҳар субҳ тайи ду – се ҳафта тамоми марду занони қувваи кори доштаи маҳаллаҳои аҳолинишини наздикии ағбаро маҷбуран ба ҳашар мебароварданд. Мардум, ки то ҳанӯз аз сиёсати сегона (тройка) ба худ наомада буданд, дилу бедилон ба ҳашар мебаромаданд. Аслан, дар он солҳо мардон кам буданд ва бори асосии зиндагӣ ба души мўӣсафедон ва занону духтарон афтида. Дар аввалҳои моҳи апрел, дар замоне, ки тамоми кӯҳдомани ағба барфпӯш буд, ба сардии ҳаво нигоҳ накарда мардум бо азобе афодаву бархеста ба ағба мебаромаданд. Мардон ангуштшумор буданд (чунки қисме ба фронт рафтаю барнагашта ва қисме бо зафар бо ҷароҳатҳои вазнин баргашта, вале ба хотири нашикастани даъвати партияи ҷоноҷон, ки бархе онро ақл, шараф, виҷдон ва имони хеш меҳисобиданд, ҷон ба кафи даст гирифтаю аз паси супориши ашхосе мешуданд, ки аз рўйи овозаи хабаркашу хушомадгӯёнашон ҳаррўза бо рафиқ Сталин гуфтугӯи телефонӣ доштанд), барфро чоркунҷа мебуриданд ва духтаракону занҳо ҳамон хиштҳои калон - калони барфро ба “оғӯш” гирифта, бурда ба ҷарӣ мепартофтанд. “Дӯстони Сталин” халачӯбе дар даст мисли чӯпони беор ҳар замон ба тахтапушт ва сағрии танбалҳо мезаданд ва мардумро ҳушдор месохтанд, ки агар дуруст кор накунанд, онҳоро ба Сибир бадарға хоҳанд кард... Ин амри пешвои мо рафиқ Сталин аст ва чӣ будани Сибирро метавонед аз онҳое пурсед, ки аз ҳисоби гарданшахии хеш он мавзеъро “зиёрат”намуданд.
Ҳайҳуи мардуми дар саҳни ҳавлӣ буда пиразани дар паси оинаи тиреза нишастаро водор мекард, ки лаҳзае ҳам бошад, нигоҳашро ба поён равона созад.





