Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 471 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 471 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳарчанд ў довар набуд, вале ба ҷаҳду талоши мардуми ба ҳашар баромада аҳсан гуфт. Баъдтар хеле баъдтар, вақте ки келин омаду аҳсани хушдоманро шунид, аз забони тифли дар оғӯшаш буда чунин гуфт:
-Ба ҳар коре,ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад гулдаста гардад ё гапам нодуруст бибиҷон?
-Мағзи гапро гуфтӣ, ҷони бибӣ,-посух дод пиразан, вале то он замон боз анча вақт буд ва ў дилу бедилон боз он саргузашти талхи хешро аз оғози корҳои ҳашарчигӣ дар ағба ба ёд овард...
Қарибиҳои шом мардумро, ки бо либосу пойафзоли тар дар кушодани роҳи ағба ҷон мекоҳониданд, ҷавоб дода, таъқид мекарданд, ки субҳ барвақтар биёянд, вагарна...
-Мегӯянд аз оне битарс, ки ў натарсад аз Худо ва аз ин худозадаҳо (оқсақолони мадоҳ, ки хабаркаши калонҳо буданд, чунки худи калонҳо дар дафтари гарм нишаставу амру фармонҳои боло, аз ҷумла рафиқ Сталинро, барои кушодани ағба “тарҳрезӣ” мекарданд) тарсидан даркор,- гуфта буд боре домуллои деҳ бобои Хол, ки мардум ҳама ўро Муллохол мегуфтанд.
Не, не дар он замон ў домулло ҳам набуд. Бобои Хол чун ҳамаи мо мардикор буд, мардикор, андешаи ба ёд овардаашро таҳлилу тарҳрезӣ намуд кампир. -Бобои Хол ягона нафаре буд, ки аз илми “Фиқҳ” каму беш бохабар...
Тай ду - се ҳафта мардум роҳи қариб бисткилометраи ағбаро, ки баландии барф дар баъзе минтақаҳояш аз се то панҷ метрро ташкил медод, дар паҳнои барои гузаштани ду автомашина рӯфта тоза мекарданд...
Аз рўзе, ки кампир худашро мешиносад, боре ҳам нашудааст, ки мардуми кӯҳдомани ағбаи Хобу-Рубот ҷашни Наврўзро истиқбол накарда бошанд. Новобаста аз “тройка” ва сиёсати сахти давр ба ёддошти худи нафаре, ки акнун паси оинаи тиреза нишаста тайёрии мардумро ба ин ҷашни аҷдодӣ назорат менамуд, тайи ин солҳо Ҳукумат нафареро ҳам барои таҷлили ин ҷашнвора ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ накашид ва ин эҳтироми мардум, хусусан сарварони Ҳукумат, ба расму русуми аҷдодӣ буд. Эҳтимол мерафт, ки худи хабаркашҳо ҳам тайи рўзҳои таҷлили Наврўз ҳулқу атвори бади хешро муддате ба гӯшаи фаромӯшӣ медоданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан