-Ман ҳеҷ гоҳ келини хоҳарат намешавам, агар интихоби бандаро пазироед, чӣ хубе ва агар напазиред, ман ҳамроҳи Исфандиёр баромада меравам...
-Ана ин ба ту маҳмадонои гесубурида! - гӯён модар кашидаю кушода ба рўйи духтараш торсакии обдоре фароварда, аз дасташ гирифта, ўро кашолакунон ба тарафи хонааш бурд.
-Ин чӣ шӯрест, ки дар ин даври қамар мебинам,-гӯён кампир оинаи тирезаро пӯшида гуфт :- Гаҳвораро ба назди ман биёру худат рафта, саҳни ҳавлиро рӯбучин намо.
-Ҳамаи саҳнро?
-Ту худ ҷорӯбро гирифта баро, дигарон ҳам ақл доранд!
-Фаҳмо.
-Ҳеҷ гоҳ аз кори умум, аз кори ҷамъияти худро канор нагир, бачам.
-Хуб шудааст.
Кампир муддате ба алла гуфтану ҷунбонидани гаҳвора андармон шуд ва чун мағзи донакашро хоб бурд, боз тирезаро кушода ба саҳни ҳавлӣ нигарист.
Келин гаҳвораро ба хонаи шафат гузаронида, худ аз пайи супориши хушдоман рафт.
Ў ҷаҳду талоши ҳақу ҳамсояҳоро дар тоза намудани гирду атрофи бино дида, хеле хурсанд шуд, вале аз тирезаи кушода боди сарде, ки шояд фарсахҳо роҳро гузашта омада буд, сару рўяшро лесида гузашта, муйҳои сафедашро парешон карду хотироти ногувореро аз он рўзгори пешин ба ёдаш овард...
Замоне, ки ў худро шинохт, ҳашар ва ҳашарчигиро як корӣ рўзмараи давр дид, ки дар ёдҳо чун “суботники ленинӣ” ва ё чун ҳашари сотсиалистӣ боқӣ монда. Алафро ҳам тариқи ҳашар ҷамъоварӣ мекарданду ғалларо ҳам. Ҳанўз чашми рўз накафида, сардори бригада болои боми баланде баромада, ҷоғашро даронида, мардумро ба ҳашар даъват мекард.
Алафу ғалларо ку майлаш, вале роҳи автомобилгарди ағбаи Хобу-Руботро низ тариқи ҳашарчигӣ мекушоданд. Дар ҳамин нуқта хотироти кампир таконе хӯрд ва вуҷудаш биларзид. Бо азобе даст болои қалб гузошта, хост он рўзҳои наҳсро ба гӯшаи фаромӯшӣ диҳад, вале гирдбоди бемаҳал аллакай саҳфаи хотироташро варақгардон карда буд ва бархилофи хоҳиши нафари аз пойи равон мондаю дар паси оинаи тиреза нишаста он механизми кайҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта боз ба ҳаракат даромад...





