Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 458 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 458 аз 499 · 2 ноябри 2026

бошад, пас чаро писарашро аз роҳаш нагардонд, нагуфт ки дар он кӯҳи азим чӣ хел “пешвозгирӣ” будааст, чаро? Чаро ҳамон вақт барои пешгирии ин кор ба органҳои танобкаш хабар надод?
“Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ”, акнун бандаро барои писари он зани шаттоҳ ва дўсти мерганаш гунаҳкор кардан намешавад. Ман ҳам каму беш чун пўлод дар обу оташи қонун мустаҳкам шудагӣ ва ҳеҷ гоҳ худро барои он ду нокас, ки худ ба истиқболи марг ҳаракат карданд, гунаҳкор намешуморам. Чӣ тавр метавонад тафтишот мани бе силоҳро дар муқобили ду шахси саропо мусаллаҳ ба “пешвозам” баромада гунаҳкор намояд. Бигузор Ташрифов гуноҳи бандаро дар ин самт собит карданӣ шавад, ҳеҷ чиз ба ў муяссар нахоҳад шуд. Хуни он ду нафари аз пай даромади муфт рафта дар гардани нафарест, ки онҳоро ба истиқболи марг фиристодааст ва дар ин бора бигузор сари холабачааш Норбоев дард кунад. Ман туф кардам ба ҳама нишондодҳои ў.
Албатта, ба Валвалак даъват кардани писархолааш, ин пеш аз ҳама баргардонида гирифтани он биступанҷ ҳазор доллари додааш, инчунин ба хонаҳои Сабзаев Сабзалӣ чашм ало кардани худи ў будааст. Бечора падарамро маҳз ҳамин ғаму ғуссаи зиндагӣ, ки Норбоеву Насимов баринҳо ба сараш оварданд, бармаҳал аз байн бурд.
Ҳангоми дар Питер будан хабар ёфтам, ки раиси ҷамоат Маҳмадназаров он хонаҳои аз мо харидаашро бо амакбачаи Норбоев –Норбутаев, ки корманди Салиби Сурхи ноҳия шуда кор мекардааст, фурӯхтааст. Фурӯхтааст ё не, инашро Худо медонад, вале аз лаҳзаи аввали харидуфурўши хонаҳо сирре дар ниҳоди Норбоеву Маҳмадназаров нуҳуфта буд ва аз эҳтимол дур нест, ки онро онҳо бо худ ба зиндон ва аз он ҷо ба гўр хоҳанд бурд…
Лаънатӣ худро чун мусичаи бегуноҳ метарошид. Қариб бе ягон душворӣ ду нафарро ба воситаи банда аз байн бардошт.
Шояд номзад ба депутати вилоятӣ Қаландаровро ман бо супориши худи Хӯҷаев аз байн бардоштам, вале Даврони Ғаюрро ба ҷуз худи ў касе ба он дунё нафиристод. Умуман, дастони ў аз оринҷ ҳам болотар ғарқи хун буданд. Худо медонад, ки ў ба ҷуз ман боз киро барои иҷрои мақсадҳои нопоки хеш киро кардааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан