Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 459 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 459 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳар чанд он рўз дар назди штаби Акрам– полвон худро дар мафия як винти хурд муаррифӣ кард, вале маълум мешавад, ки ў чархи асосии ин механизми ҷинояткор будааст.
Норбоев ҳам Ҳукуматро фиреб доду ҳам мухолифинро ва оқибат бо розигиии Оллоҳ таоло худ дар доми фиреби хеш афтид. Акнун ў ба доми барои дигарон танидаи хеш тасодуфан дармонд... Чоҳкан зери чоҳ шуд. Хас каму ҷаҳон пок... Маҳз аризаи холаи шаттоҳаш, ки шояд аз кирдорҳои ҷиноии ҷиянаш хабар дошт, ўро ба ин варта овард. Ў тамоми чорвои колхозро дар он солҳои беҳокимиятӣ талаву тороҷ кард.
Война всё спишет мегуфт, вале имрўз, ки Ҳукумат пойдор шудааст ва аз органҳои танобкаш ҳамарўза ҳисоботи аниқи кор талаб мекунад, дафтари амоли ин нокасро варақгардон хоҳанд кард.
Агар мақомоти тафтишотӣ дуруст кор кунанд, аз эҳтимол дур нест, ки Норбоев субъекти даҳ фоизи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нагардад. Дар чунин вазъият ба Норбоев такя кардан беақлии маҳз буд…
Магаси дигаре пеши чашми банда тоб хӯрдан гирифту симои раиси ҷамоат Маҳмадназаровро рӯӣ саҳна овард. Шояд ӯ инсони бад ҳам набуд, вале чун манзили ободашро дар кимкадом гӯшаи диёр партофтаю аз пушти мансаб ба ин кӯҳистони дурдаст омада буд, худ як нишонае аз мансабталошии вай буд. Шояд раиси ноҳия Хӯҷаев бо ӯ бештар аз як пуд намакро бо ҳам дидаву аз мансабталошии вай огоҳӣ дошт ва чунин як вазифаеро дар ин кӯҳистони дурдаст пешниҳод намуд ва ин зодаи водӣ, ки ҳамагӣ кадом як омӯзишгоҳи техникиро хатм карда будааст, ҷон –ҷон гуфта барои қабули вазифа розигӣ додааст. Сарсупурдагии Маҳмадназаровро нисбат ба раиси ноҳия дида, бинанда ангушти ҳайрат мегазид. Рафту агар Хӯҷаев супориш медод, ки раиси ҷамоат сари чанбараки ҳавопаймо нишаста, онро ба дигар макон интиқол диҳад, бемуҳобот Маҳмадназаров аз иҷрои чунин амал худдорӣ намекард, ҳарчанд барои ба фазо баровардани ҳавопаймо дониш ва маҳорати касби ҳавонавардӣ зарур аст. Аз эҳтимол дур набуд, ки маҳз ҳамин хислатҳои Маҳмадназаровро ба инобат гирифта, Хӯҷаев ӯро барои иҷрои мақсадҳои нопокаш ба ҳайси раиси ҷамоати ин кӯҳистони дурдаст овард...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан