Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 457 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 457 аз 499 · 2 ноябри 2026

… 14 …
Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист.
23
Ҳамчу мардон ҷон супурдан зиндагист!

Суҳбати на чандон тӯлонӣ бо муфаттиши прокуратура Ташрифов бандаро ба «таҳлили корнамоиҳои» се мушкетдор, ки дар мафияи маҳалли мақоми махсус доштанд, маҷбур сохт.
Азбаски ҳар се дар ин табаддулоти бузург симои аслии хешро пеши по зада, дурўя будани худро нишон доданд ва барои осоиши хеш қисме аз ҳамдиёронро ба вартаи марг тела дода, қисмеро бе асос фурўхта, ба зери латукӯби қувваҳои яроқнок доданд ва дар гуфтушуниди ҳарду тарафи дар сангар буда иштирок карданд, дар ҳамин камераи яккаса ҳам симои манфури онҳо пеши назарам чун магаси шилқин ҳаракат дошт.
Ва барои таҳлилу ташхис ман дар атрофи симои Норбоев, ки нисбат ба камина ҳақи “устодӣ” дошт, лаҳзае таваққуф намудам.
Агар он махав ҳоло дар пешам мешуд, эҳтимол гулӯяшро бо дандонам мекандам. Маҳз аз рўйи он касофат шуда, ман аввал наркокурер ва сипас киллер шудам.
Бубин лаънатиро пеш аз оне, ки маро бо маводи мухаддир ба Валвалак фиристад, аввал писархолаашро ба он куҳи азими Валвалак фиристодааст то бандаро “пешвоз” гирифта, халтаи борро ба даст ораду маро чӣ хеле ки муфаттиш Ташрифов гуфт, чун ғуломи ҳалқабаргӯш умрбод қарздор намояд. Мардумон беҳуда ба ин худозада лақаби “Норбоеви мо зодаи шайтони раҷим аст”- ро нагузошта буданд. Аз нафрати халқ дида, ҷазои сахттаре нест ва мардумон ин тавқи лаънатро ба гардани Норбоев на барои корҳои некаш овехтаанд ва то дунё биност ин ҳиҷои аз забони халқ буруномада низ побарҷост...
Ман ба кори ҳамин Ҳукумат ҳайрон, охир кори дигаре нест, ки аризаи кадом як зани шаттоҳро дида бароӣ. Модоме ки ў аз кирдорҳои ҷиянаш Норбоев, ки мардум ӯро чун “зодаи шайтони раҷим” эътироф намудаанд, хабар дошт ва ман зомин, ки ӯ аз корҳои пасипардагии раис хабар надошта

Сухан аз М. Иқбол.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан