Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 456 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 456 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Фаҳмидан мехостам, ки гуноҳи ҳар се «мушкетдор» чӣ будааст.
– Чӣ илоҷ, модоме фаҳмидан хоҳӣ, гўш кун.
– Ин се намояндаи ҳукумат дар маҳал ба талаю тороҷи моликияти давлатӣ, изофанависӣ, ғайриқонуни фурӯхтани объектҳои давлатӣ ва охирон куштори шахсоне, ки гуноҳи онҳоро фош кардан мехостанд…
– Гуноҳи онҳо-ку маълум, вале ман гуноҳи хешро ҳеҷ нафаҳмидам.
– Вақташ ояд ҳамаашро мефаҳмӣ, рафиқ Сабзаев,– гуфт муфаттиш ва посбонҳоро амр кард, ки бандаро ба камера баранд.
Чун дари оҳанини камера аз қафоям пӯшида шуд, боз дар иҳотаи «саргузашту корнамоиҳои» хеш мондам. Ҳарчанд кӯшидам, ки аққалан бо «ҳуҷуми генералӣ» аз ин гирдоб бароям нашуд, ки нашуд…
Ниҳоят дар рӯшноии хираи чароғи барқӣ ба тарафи курсии дар фарш маҳкам буда, ҳаракат кардам. Чун ба курсӣ нишастам, пайвастагиеро дар ҳаракатҳои хеш ва он се мушкетдор ҷӯё шудам. Дигар аз ин гирдоб баромадани банда ғайриимкон буд. Ман ягона роҳи наҷотро дар такя намудан ба он се мӯшкетдор медидам.
Ниҳоят филми бадеии «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор»-ро пеши назар овардам. Лаҳзаеро пеши назар овардам, ки штандартенфюрер Штирлис барои муайян кардани супориши Ватан бояд ба кадоме аз чор нафар саркардагони фашистӣ такя мекард…
Вазъи банда дар камера аз вазъи полковник Исаев Максим Максимович беҳтар набуд ва банда коғазу қалам ҳам надоштам, ки расми ҳар кадоме аз он се мушкетдорро кашам.
Вале бартарии камина ҳамин буд, ки Штирлис аз чор кас якеро бояд интихоб мекарду банда аз се кас якеро. Маҳз ҳамин чиз кори маро андаке ҳам бошад осон мекард…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан