Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 455 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 455 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Бовар намекунам.
-Ихтиёрат, вале беҳтар мешуд, ки ба хотири каме ҳам бошад, гуноҳатро сабук намудан бо тафтишот ҳамкорӣ мекардед.
– Ин ҳеҷ мумкин нест, наход Норбоев...
– Чаро бовар намекунӣ, охир, бори аввал ҳам ту аз рўйи ў шуда, ба маҳбас афтодӣ ва ёздаҳ соли ҳаётатро беҳуда сарф кардӣ, вале ба хулосае наомадӣ.
– Он чӣ ки Норбоев гуфтааст, ҳамаш туҳмат аст, ман ягон хизмати ўро ба ҷо наовардаам.
– Набошад, ба ин ҳуҷчат шинос шавед.
– Ман ба нишондоди Ғуломи Хоркаш шинос шудам. Ў дар бораи он ки бандаро тирамоҳи соли 199... ба Валвалак бурда, худ аз он ҷо қафо баргаштааст, нишондод дода буд.
– Дар кадом асос ва бо кадом сабаб Ғуломи Хоркаш маро ба Валвалак бурдааст?
– Дар асоси супориши Норбоев.
– Чӣ ман яроқ доштам?
– Не, вале бе яроқ ҳам тавонистед, ки Вазиру Довудро аз кўҳ ба поён партоед.
– Ягон кас ин ҳодисаро назорат намудааст?
– Не, вале далелҳо ба муқобили шумоянд. Охир шумо аз як тараф бо борхалтаи маводи мухаддир ва Вазиру Довуд аз тарафи дигар бо ду автомату як тир ба Валвалак баромадед.
Рўзи дигараш шумо бо дасти захмин бе лингча баргаштед, вале Вазиру Довудро дигар касе надидааст. Охир чаро ман ба ҷойи шумо гап занам?– шӯрида рафт Ташрифов.
– Ҳоло Норбоев дар куҷост?
– Дар СИЗО.
– Ўро барои кадом гуноҳаш?
– Ўро танҳо не ҳар се мушкетдорро якҷоя…
– Хоҷаев ва Маҳмадназаровро ҳам.
– Чӣ дар Санк– Петербург тоҷик кам буд ва чаро аз байни онҳо танҳо туро оварданд?– ба ҷойи ҷавоб суол дод муфаттиши прократура Ташрифов.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан