Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 446 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 446 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳарчанд интихобот дар ин маврид ба қафо партофта шуд, вале он барои ташкилоти пинҳонкор дигар хавфе надошт. Куштори Қаландаровро на аз сабаби сиёсӣ, балки ҳисоббаробаркунии гурўҳҳои криминалӣ, ки гўё вай шомили ҳамин гурўҳҳо будааст, арзёбӣ намуданд…
Дар интихобот Рофиев ном шахс бе мамониат вакили мардумӣ интихоб шуд. Ҳарчанд ў маълумоти миёнаи техникӣ ҳам надошт, Хӯҷаев ўро сармеъмори ноҳия таъин намуд.
Ҳамин тариқ, дар шароити душвори ҷумҳурӣ шахсе ба органи қонунбарори вилоят вакил интихоб шуд, ки дар замони ҳукмронии Тағоймуродов устои одии комбинати хизмати маишӣ буд.
Хӯҷаев дар ҷо ба ҷо кунии кадрҳо аз манфиати давлат дида манфиати худро боло гузошта буд ва борҳо дар ҷамъомадҳо нисбат ба эътирози мардум чунин посух медод:
“такка бошаду шир диҳад” ва мардуми бечора ҳам ҳеҷ сарфаҳми ин муаммои сарбастаи ўро намерафтанд…

… 11 …
Мушовири адлияи дараҷаи сеюм Ташрифов бандаро дар ҳолати ниҳоят ногувор партофта буд. Рафтори ў овозаи ҷангро мемонд, ки ҳар як фардро роҳгум меандохт. Банда ҳангоми «ҷиҳод» ба муқобили бародарони ҳамхуни худ ин қадар азоб накашида будам. Аз фикри бисёр сарам ба дард омада буд.
Ман ҳеҷ намефаҳмидам, ки пагоҳ чӣ ҳодиса рух хоҳад дод. Дар байни чор девори бетонӣ бо кӣ ҳам рози хешро мегуфтам ва ё маслиҳат мепурсидам.
Посбонҳоям ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, вазифаи хизматии хешро медонистанд ва бе зарурият ҳатто тирезачаи дарро ҳам намекушоданд ва ба чанд суоли банда ҳам ҷавобе надоданд.
Рўшноии болои дари камера чунон хира буд, ки чун зиндагии ман. Ана дар ҳамин муҳит симои Робиа чун нуре дар зулмот пеши назарам омад.
… Он вақтҳо ман нав аз армия баргашта будам ва ба қавле ҷавони чорпаҳлўи чор кас медидагӣ будам. Рўзе ҳамроҳи дўстам Маҳмаднабӣ, ки бе китоб рўзи рўшан барояш шаби тор буд, ба китобхонаи мактаби деҳа рафтем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан