Ташрифи мо ба рўзҳои аввали соли нави таҳсил рост омад. Вақте ки мо аз мактаб баромадем, чанд нафар духтарон ба тарафи мактаб меомаданд. Дар ҳамин ҷо нигоҳи ман бо нигоҳи духтаре ки куртаи атлас дошт, бархўрд. Нигоҳҳо чуноне ба ҳам бархўрданд, ки чун ҷараёни барқ вуҷуди ҳардуямонро ларзише дод. Духтари куртаи атласпўш ҳам инро фаҳмиду сар ба зер афканда, ҳамроҳи дугонаҳояш вориди мактаб шуд.
Худи ҳамон рўз ман дар бораи ҳамон духтар маълумоти зиёде ба даст овардам ва фаҳмидам, ки ў аслан духтари шаҳрист ва ду сол боз ҳамроҳи момояш дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ дорад.
Деҳаи ҳамсоя ин деҳаи худ нест, ки бе ташвиш рафту омад кунӣ, аз ин рў, чорае андешидан лозим буд, то оне ки дили бандаро рабуда буд, аз дарди ман бохабар гардад. Азбаски Маҳмаднабӣ дар дониш беҳамто буд, мо ба хулосае омадем, ки аз номи банда ба он духтари зебо мактубчае нависем ва то ҳанўз сатрҳои охирин он мактуби аввалин дар ёди ман монда:
Бикўш сўзи маро, то дар нагирам,
Накуш ишқи маро, то ман намирам…
Худи рўзи дигар мактуб, ки барои эҳтиёт ба номи “Паризод” ирсол шуда буд, аз дасти хоҳари Маҳмаднабӣ ба дасти соҳибаш расид. Рўзҳо пайи ҳам мегузаштанду ҳеҷ не, ки аз он сў ҷавобе ояд. Маҳмаднабӣ маро ором карданӣ мешуд, ки ҳеҷ гап не аз ду сар Паризод ҳам ба ту дил медиҳад ва илова кард, ки мактубҳои ман на ин Паризодро, балки морро ҳам аз хонааш берун меорад.
– Ин қадар таъриф кардӣ,- паст наомада гуфтам ман ва метарсам, ки аз рўйи он мактуби пурфалсафаи ту Паризод аз даст наравад.
– Намеравад! – қатъӣ гуфт дўстам ва банда каме ором шудам…
Вохўрии дуюми ману Паризод баъди ду ҳафтаи навиштани мактуб ҳангоми сар задани сўхтор дар анбори маркази колхоз рух дод. Сўхтор дар рўзи рўшан, ҳангоме ки хонандагони басти якуми мактаб машғули таълим буданд, аланга зад.





