Онҳое, ки дар зиёфат раисро диданд, умедашонро аз беҳбудии ноҳия ҳамоно канданд. Охир, ў аз раис дида ба артист монанда буд. Баъдтар артист санъати худро ҳангоми хусусигардонии моликияти давлатӣ баръало нишон дод.
Аслан раиси ноҳия ва ҷамоат ҳам аз раис колхоз монданӣ надоштанд. Чӣ хеле ки мардум баъдтар онҳоро «Се мушкетдор» номиданд, ҳамчун Артосу Партос ва Арамис онҳо низ як пиёла чойро бе ҳам наменўшиданд. Дар ҳама тўю худоӣ меҳмони нохонда буданд ва аз соҳибҷашн дида косалесонаш васфи онҳоро бештар мекарданд...
… 10 …
Милисионери ҷавоне тирезачаи оҳанини дарро кушода, ба ман хўроки шом дод. Ба фикрам, посбонони ман иваз шуда буданд. Бинобар он ки банда ниҳоят гурусна монда будам, ба тамъи хўрок ҳам аҳамият надода, онро нўши ҷон кардам…
Мафия қарзро то қиёмат намонд. Собиқ раиси комитети агросанотии ноҳия, Қаландаров, ки бо фармони рақами дуюми Хӯҷаев аз вазифа сабукдўш шуда буд, ба ҷойи алафи хешро пасттар «чаридан» номзадиашро ба вакили мардум дар маҷлиси вилоятӣ пешниҳод кард…
Чунин беодобиро Хӯҷаев бахшиданӣ набуд ва ба воситаи косалесонаш борҳо Қаландаровро огоҳ сохт…
Албатта, дар ин дунё одамони якрав кам нестанд ва ба чунин нафарон агар барои “манфиат”– и худашон ҳам гўйӣ, ки ба хушкӣ такя кун, баръакс ба об такя мекунанд ва Қаландаров ҳам аз зумраи ҳамин гуна шахсон будааст. Чун диданд, ки вай нағзиро намефаҳмаду номзадиашро гирифтанӣ нест, тақдирашро ба боло ё худ мафия ҳавола намуданд.
Вакили доимии минтақаи мо дар ин ”ташкилоти ҷиноятпеша” Норбоев бо сари паст назди банда омада, талаби мафияро пешниҳод кард…
Бинобар он ки мафия боқимонда қарзи бандаро, ки понздаҳ ҳазор долларро ташкил медод, ба ивази сари Қаландаров мебахшид, банда дархости онҳоро бе ягон дудилагӣ қабул намудам ва даҳ рўз пеш аз интихобот онро ба иҷро расонидам.





