Норбоев дар илми дипломатия пухта расидагӣ буд ва дар ҳама ҳолат аз об хушк мебаромад…
– Ана ҳамин хел, Сангинмурод, ба наздикӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми мо рўй хоҳад дод.
– Раис гўед, ки масъалаи мо чӣ шуд?
– Ҳа, қариб фаромўш карда будам. Дар ин бора метавонӣ осуда бошӣ. Боло шароити туро ба назар гирифта, хонаҳоро ба миқдори сӣ ҳазор доллар нарх кард.
– Охир ин чӣ хел мешавад, раис, ман боз қарздор мемонам
–ку?
– Тез нашав, Сангинмурод. То кунун касе дар ин диёр бо чунин нарх хона нахаридааст. Ман то ҳадди имкон кўшидам, ки нархи хонаҳоро бардорам, вале аз ин зиёд натавонистам. Ба замми ин, боло хизматҳои туро ҳамчун марди ҷасур ба инобат гирифта, аз баҳри даҳ ҳазор доллар баромад. Ба замми ин понздаҳ ҳазор доллари дигарро ба ту ҳамчун қарзи дарозмуддат дод. Охир, гуфтам –ку аз дасти ман ҳамин қадар омад.
– Раҳмат раис, вале ман дар муддати зиёд ҳам ба фикрам он қарзи дарозмуддатро иҷро карда наметавонам, пас чӣ мешавад?
– Парвои инашро накун, боло ҳамеша ба ту барин мардон эҳтиёҷ дорад ва рўзе мерасаду ба ивази он қарз ту ягон корашонро ба сомон мерасонӣ…
Хӯҷаев вазифаи хешро аз ҷобаҷокунии кадрҳо сар кард ва бо аввалин карори хеш раис ҷамоати деҳоти мо Маҳкамовро, ки бо Норбоев чун мушу гурба муносибат дошт, аз вазифа сабукдўш карда, ба ҷойи ў кадом як Маҳмадназаровро оварда, раис таъин кард. Мардум кию чӣ будани Маҳмадназаровро нағз намедонистанд, вале баъди ду рўз Норбоев ўро ба хонаи мо овард ва гуфт, ки раиси ҷамоат хонаҳоро мехарад. Дар ҳузури Норбоев ва ду ҳамсоя Маҳмадназаров ба ман се лимон бароварда дод ва аз ман дар иштироки падарам забонхат гирифт, ки хонаҳоро ихтиёран ба ў фурўхтаам. Ман он се лимонро дар дасти Норбоев додам, то аз номи банда товони зарарро ба боло баробар кунад.
Баъди ҳафтае Маҳмадназаров бо аҳли оилааш ба хонаҳои нав харидааш кўчид ва се рўз пас бўрёкўбон намуд, ки дар он худи раис ноҳия Хӯҷаев иштирок намуда, мурданӣ нўшиду рақс кард.





