– Хайрият, дидорҳо то қиёмат намонданд, рафиқ Сабзаев, мо ин ҷо шабу рўз дар орзуи дидори «муборак»– и шумо. Хуб шуд, ки омадед, ё дурустараш шуморо оварданд, канӣ, гузашта шин, – гуфт марди тоссари айнакие, ки аз рўйи нишасташ соҳиби утоқ набуд.
Ман дар курсие, ки ҳамон марди тосар нишон дод, дар рў ба рўяш гузашта нишастам.
Ў коғазеро аз пеши сардори утоқ гирифта пурсид:
– Фамилия, ному насабатон.
– Сабзаев Сангинмурод Сабзалиевич.
– Сол ва ҷойи таваллуд.
– 22–юми апрели соли 1958, дар ноҳияи …,дар оилаи ронанда таваллуд шудам. Оиладор, соҳиби як фарзанд…
– Хуш гап зан, ки мо туро барои кадом гуноҳат…
– Аз куҷо донам?– китф дарҳам кашида гуфтам ман.
– Чӣ хел намедонӣ? Ё гумон дорӣ, ки давлат ҳамин қадар маблағ сарф карда, аз Санкт –Петербург ба воситаи тайёра туро ба ин ҷо беҳуда овардааст?
– Ростӣ гап, намедонам. Онҳое, ки маро бо дастони занҷирбанд ба ин ҷо оварданд, қарорро барои ҳабс нишон доданд, вале барои кадом гуноҳам сухане нагуфтанд.
– Маълум мешавад, ки ту чандин гуноҳ дорӣ ва ҳоло ҳатто намедонӣ, ки дар бораи кадом гуноҳат гап занӣ. Ба фикрам, дар ёздаҳ сол қонунро нағз аз худ кардаӣ, вале ин ҳилаат намегузарад. Шўхиятро бо ҳамонҳое намо, ки туро нашиносанд, вале бо мушовири адлияи дараҷаи сеюм Ташрифов шўхӣ кардан ин баробари миёни хешро шикастан аст. Канӣ гап зан! – ҷоғашро даронида, болои миз мушти обдоре фаровард мушовири адлияи дараҷаи сеюм.
Дар як лаҳза ман ҳамаи саргузашти хешро пеши назар овардам, вале пеш аз пода ҷанг андохтан ин баробари ба пойи хеш теша задан буд. Худораҳматии мўйсафеди ҳамсоя бобои Раҷаб, ки гаҳвораи маро ҷунбонида будааст, мегуфт, ки «то омадани табар кунда меосояд». Ман ба ҷуз худро ба нодонӣ задан роҳи хубтареро надидам, бинобар ин гуфтам, ки гуноҳе надорам.
– Дили ман ба ту месўзад, вале дили худат не. Охир, мо мехоҳем, ки ту андаке ҳам бошад, гуноҳи хешро сабук гардонӣ, қонун ҳаминро талаб мекунад ва мо маҷбурем, ки ҳамчун ҳимоячии қонун ҳамин имкониятро бароят фароҳам созем, боз рўзе нашаваду…





