Имрўз мо дар прокуратураи ҷумҳурӣ машварат дорем ва ба гумон аст, ки бори дуюм вохўрем, вале фардо ҳатман вомехўрем, рав андеша намо мо ҳам инсонем, дар ин дунё касе бе камбудӣ нест ва агар ҳамаашро гуфта диҳӣ, чӣ хуб, вагарна шири модаратро аз биниат мебарорем, фаҳмидӣ!
Ман чизе нагуфтам. Шояд ў сукутро аломати ризо пиндошт, ки тугмачаи зангро пахш кард ва ҳарду посбон, ки дар беруни дар буданд, вориди дафтари кори шуданд.
-Баред ўро, то пагоҳ бе рухсати ман ба ў ҷуз як пиёла оби хунуку як бурда нон дигар чизе надиҳед, бигузор фаҳмад, ки бо Ташрифов шўхӣ кардан ин баробари бо шохи гов бозӣ кардан аст.
– Хуб шудааст, рухсат фармоед ҳабсшударо барем,– мўзаҳояшро ба ҳам зада гуфт яке аз он милисионерон.
Хайрият, ки мушовири адлияи дараҷаи сеюм гирифтани каллаамро нафармуд, вагарна ҳамин милисионери ба Холотоф17 монанд беибо супоришро иҷро мекард…
– Ҳа, Сабзаев, то субҳи фардо ҳамаашро фикр кун,– бори дигар ҳангоми баромаданам таъкид кард Ташрифов.
Чун дари оҳанини камера аз қафоям ғиҷиррос зад, ба «илми» Ташрифов қоил шудам. Бо ин ҳаракати хеш ў маро бо имтиҳони ҷиддие рў ба рў кард. Дар солҳои ҷанги бародаркуш борҳо дар оташи ҷанг будам, вале аз худи оташи ҷанг дида, бими он даҳшатноктар буд…
Азбаски банда фаришта набудам ва ҳама саропо пур аз гуноҳ будам, аз кадом нўги гиреҳ гирифтанамаро намедонистам. Тайи солҳои ҷанги бародаркуш аспи банда лаҷом надошт ва чӣ тохтутозҳое тавонист кард…
… 6 …
Ҳангоми иҷрои фармони дуюми Акрам - полвон Норбоев баъди ба мудири хоҷагии ҷабҳа Шуҳрат супоридани ду сар гову даҳ сар гўсфанд маро ба гўшае бурда гуфт:
17 Холотоф – яке аз қаҳрамонҳои манфии филми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор».





