Милисионери нозир даричаи дарро кушода маро аз назар гузаронда, гуфт, ки вақти тановули шом шудааст, “меҳмон” чӣ мефармояд.
Шукр гуфтам, ки дар байни ворисони Феликс Эдмундович ҳам шахсони зиндадил ва базлагўӣ будааст, бинобар ин гуфтам:
– Ҳарчӣ ки соҳибхона пешниҳод намояд, банда сипосгузор хоҳад буд.
Лаҳзае пас ў хўроки шом овард ва баъди тановул ман мондагиро ҳис карда, болои кат дароз кашидам ва ҳамоно хобам бурдаст…
… 5 …
Ману Робиа, ки аслан ўро паризод мегуфтам, болои майсаҳо сайругашт доштем.
– Биё, оббозӣ кунем, – таклиф кард Робиа.
Ва мо лаби дарё омадем. Гумон доштам, ки паризодро тани урён мебинам, вале…
Робиа бо ҳамон куртаи ҳарираш ба об даромад…
Ман ҳам ба об даромада, дастамро ба ў додам…
– Ой духтари бешарм, ин чӣ кори кардагиат? – овозе омад ба гўшам ва чун сар бардоштам, болои сарамон момои Робиаро дидам. Ў калтак дар даст ба тарафи ману наберааш дод мезад, вале ману паризод парвои ўро надоштем. Баръакс, паризод дастонашро дар гарданам ҳалқа кард…
“Подъём!”- гуфтани милисионер ба «бозии» минбаъдаи мо хотима гузошт. Чашм кушода худро байни чор девори бетонӣ дидам. Аз паризоду бибиаш ва он дарёчаи зебо ному нишоне набуд. Ман ҳамоно беҳаракат болои кат мехобидам.
Маълум мешавад, ки сахт хобам бурда будааст. Ман ҳайрон будам, ки чӣ хел Робиа ба хоби ман даромад…
Ба ҳар ҳол хестан лозим буд…
Рўзи нав бо пурсиши банда оғоз ёфт. Қаровулон маро пешандоз намуда, ба ошёнаи дуюм бурданд. Дар он ҷо ду марди ғайринизомӣ дар кадом борае баҳс доштанд ва чун милисионери “ҳимоячии” ман ба таври низомӣ аз иҷрои амри онҳо гузориш дод, ҳарду муҳри хомўшӣ ба лаб зада, ба тарафи ман чашм дўхтанд.





