Ман ки он рўз ба ноҳия омада будам, нўшидагӣ будам ва ба роҳгузаре ҷанҷол намудам. Вақте ки маро милисае гирифта, ба идораашон оварду кисаҳоямро фармуданд, ки чаппа кунам аз киссаам даҳ грамм афюн баромад…
Ана ҳамин тавр ҳуҷҷат тартиб доданд ва субҳи фардо, вақте ки падарам омад, ман ҳамин саргузашти навамро дар ҳузури муфаттиш ба ў гуфта додам. Бори аввал дар рухсораи падарам ашкро дидам. Муфаттиш ўро бовар кунонд, ки ҳамаи кори аз дасташ меомадаро мекунад, то гуноҳи ман сабуктар гардад.
Ҳамин тавр падарам аз асли воқеа хабардор нашуд ва раис Норбоеву дўсташ, ки барои паси парда мондани хеш кўшиши зиёде ба харҷ доданд, ниҳоят паси парда монданд.
Суд ҷавонии ман ва ба ҷамъият хатарнок набудани кирдорамро ба инобат гирифта, бандаро ба муҳлати се сол бо маҳрум кардан аз озодӣ ҳукм кард, вале ба озодӣ баромадани ман танҳо баъди ёздаҳ сол муяссар гашт. Чӣ хеле мегўянд, кори хона ба бозор рост намеояд, ва ҳабсхона ҳам айнан чун бозор аст, бозоре бо талотум ва қонунҳои нонавиштаи хеш. Дар ҳамон ҷо ҳам бахилию хабаркашӣ ва дурўягӣ боқӣ монда...
Баъди ду соли дар ҳабсхона нишастан нафаре ба зона омад, ки ба ақидаи мо «курери» байни мо ва роҳбарияти ҳабсхона буд ва аз дасти ў шахсан ман чандин маротиба мавриди истинтоқ ва дар камераҳои яккаса нишастан қарор гирифтам. Сараввал мо намефаҳмидем, ки ў кист ва ҳама аз ҳамдигар гумонҳои бад мебурданд ва ниҳоят ў ба даст афтод…
Ман хостам адабашро диҳам ва бовар кунед бо як мушт ўро ба он дунё фиристодам. Маълум шуд, ки ман рост ба дилаш задам ва ў ҳамоно афтид ва ҷон ба ҷонофарин супурд ва боз тафтиш сар шуд ва бандаро барои одамкушӣ бо назардошти ҳамаи ҳолатҳо ба муҳлати ҳашт сол маҳкум карданд. Ҳамин тариқ, ман аз занг то занг муҳлати ҷазоро адо намудам ва ба қавли маъмурияти ҳабсхона пурра тарбия наёфтам…
Баробари ба деҳа омадан аз ҳама пеш нозири минтақавӣ ба аёдати ман омад ва субҳи дигараш бандаро ба утоқи кориаш даъват намуда, мактуби ҳабсхонаро барои ба зери назорати маъмурӣ гирифтанам нишон дод. Ҳамин тавр, дар озодӣ ҳам қонун маро аз як қатор имтиёзҳо маҳрум кард. Акнун ҳар қадами ман дар зери назорати милиса буд…





