Дар давоми ёздаҳ соли дар маҳбас буданам падару модарам аз ғами ман беҳад пир шуданд.
Дигар он қасри зебо ҳам барояшон хушбахтӣ наовард. Аз рўзҳои аввали ба озодӣ баромаданам онҳо барои сари маро ҷуфт кардан кўшиданд, вале бе натиҷа, ба куҷое мерафтанд, ҷавоби рад гирифта бармегаштанд. Ҳеҷ кас духтарашро ба бағали «одамкуш» партофтанӣ набуд. Модарам баъди ин ҷойи нишаст намеёфт…
Баъди ним соли аз ҳабсхона баромаданам дар дунё тағйиротҳои куллие рух дод ва давлати абарқудрати СССР пош хўрд.
Банда акнун ба синни сӣ қадам ниҳода будам ва аз ин ёздаҳ соли расояшро дар ҳабсхона гузаронидам.
Чун вазъи сиёсии ҷумҳурӣ бародарони ҳамхунро аз рўйи идеяҳои сиёсӣ ба муқобили ҳамдигар паси сангар овард, қисме аз мансабдорон пўсташонро иваз намуданд. Чунин фардҳои нохалаф қариб дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат буданд. Хушбахтона, онҳо ангуштшумор буданд, вале буданд.
Онҳое ки аз ҳама бештар нону намаки давлатро хўрда буданд, ҳамон хел ба осонӣ ба намакдонаш туф намуданд.
Норбоев, ки ҳамин шабу рўз ба синни «муборак»– и панҷоҳ қадам ниҳода буд, аз ҳама беш вазъи чандсолаи ҷумҳуриро пешбинӣ кард. Маҳз бо фармони ў ҳамон сол рамаи гўсфандони колхоз ба чарогоҳи зимистона, ки дар зери ҳимояи қувваҳои ҳукуматӣ буд, фиристода нашуданд.
Ин хизмати ў аз тарафи намояндагони қувваҳои зиддиҳукуматӣ ё худ мухолифин қадр карда шуд ва маҳз дар давоми як сол саршумори гўсфандон қариб даҳ ҳазор ва саршумори чорвои калон, яъне говҳо се ҳазор сар кам шуд…
Қисми хурде аз роҳбарони хоҷагиҳо ва муассисаҳои қудратӣ балегўйи чунин “раисон”– и номдор буданд. Хариду фурўши яроқ низ баъзан таҳти сарпарастӣ ва ё миёнравии кормандони мақомоти қудратӣ сурат мегирифт…
Албатта, дар чунин шароите, ки саг соҳибашро намешинохт, гардиши маводи мухаддир ба кори одӣ ва ҳаррўза табдил ёфт. Гапи рост ба гўши касе дар он шабу рўз намедаромад ва онҳое ки ҷуръат карда гапи ростро мегуфтанд, баъди чанде бе ному нишон гум мешуданд…





