Ман асли воқеаро чӣ хеле буд, нақл кардам. Вале онҳо бовар накарда, маро ҳамроҳи маркабҳо ба қафо баргардонда, ба милисахона бурданд. Маркабҳоро ба ҳавлии милиса дароварда, дар шоҳидии ду холис полонҳои маркабҳоро буриданд.
Буриданду ҳуш аз сарам канд. Аз ҳар кадоми онҳо ду килограмм маводе, ки дар селофан печонида шуда буд берун омад.
– Ин чист? – пурсид ҳамон милисае ки маро оварда буд.
– Намедонам,– китф ба ҳам кашида гуфтам ман.
– Чӣ хел намедонӣ? – ин афюн–ку.
– Рости гап намедонам, -қасам хўрдам ман.
Хашму ғазаби милисаро дида хомўш шудам. Чӣ қиёмате шуд он ҷо! Дар ҳамон лаҳза ҳамаи он маводҳо акт монда гирифта шуданд ва муфаттиш маро ба ҳабс гирифт. Чун дари камераи милисаро ба рўям пўшиданд, дунё ба назарам торик шуд ва умедамро аз зиндагӣ кандам… Худи ҳамон рўз бегоҳӣ маро бо гуноҳи дигаре низ айбдор намуданд. Дар дасти муфаттиш аризаеро дидам, ки зане маро ба маркабдуздӣ айбдор карда буд. Баъдтар фаҳмидам, ки зани дўсти раис аз болои ман ариза навишта будааст. Азбаски ман дар камера будам ва дар берун чӣ корҳо мегузашт, хабар наёфтам. Ҳатто маро ба падарам, ки аз воқеа огоҳ шуда буд, нишон надоданд.
Ниҳоят шабе маро посбон ба утоқи кории муфаттиш бурд ва гуфтушуниди нав сар шуд. Дар он ҷо ки боз ду нафари дигар менишастанд, маро бовар кунониданд, ки агар ҳамаи афюнро ба пойи ман зананд, дигар рўйи озодиро нахоҳам дид. Ва дар интиҳо маро розӣ кунониданд, ки агар даҳ граммашро ба гардан гирам кифоя. Аввал ин ки ин ҳамчун ҷинояти якка бе гурўҳи муташаккил ба ҳисоб гирифта мешавад. Дуюм, аризаи маркабдуздиамро даронида мепартоянд ва минбаъд мардум тамғаи хардуздро аз гарданам мегиранд. Вале барои ба пеш рафтани тафтишот ман бояд ҳамаи нишондодҳои аввалаамро дигаргун намоям ва номи касеро дар онҳо баён насозам.
Ниҳоят ман розӣ шудам ва дар ҳамон ними шаб боз ҳамон ду шахси холисро аз куҷое рафта оварданд ва барои ман саргузашти наве болои қоғаз иншо намуданд.





