Мо ба хулосае омадем, ки туро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба факултаи зооветеринарӣ дохил намоем. Барои ҳамин ман барои фикри худатро фаҳмидан туро ба ин ҷо даъват намудам.
– Ман чӣ ҳам мегуфтам, ҳарчӣ, ки шумо гўед, ман розӣ.
– Ана дидӣ, раис, ман гуфтам, ки Сангинмурод, бачаи бофаҳм аст ва ҳеҷ гоҳ аз хатти кашидаи шумо берун нахоҳад баромад. Чӣ гуфтӣ Сангинмурод?
– Албатта.
– Лекин Сангинмурод пеш аз ба донишгоҳ рафтанат бояд ба ҳамон хонаи дўсти ман рафта, ду маркабашро гирифта биёӣ.
Ҳамон маркабе, ки худат бурдӣ ва боз як маркаби дигар ў худаш харидааст. Аз ин тараф метавонӣ бо автомашина равӣ, вале дар бозгашт бояд маркабҳоро бо ҳамон пайроҳаҳои шиносат биёрӣ. Ба ақидаи дурусти ман айлоқи ин ҷо барои парвариши маркабҳо мусоидтар аст ва ман натавонистам сухани ўро ба замин гузорам,– гуфт раис.
Дар дил ман ба ин марди харпараст ҳазорҳо лаънат хондам ва ба хулосае омадам, ки ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст…
– Ҳеҷ гоҳ Сангинмурод сухани Шуморо ба замин нахоҳад гузошт,– ба ҷойи ман ҷавоб дод амакбачаи раис.
Ҳамин тавр, ба Норбоев ва Насимов муяссар шуд, ки аз нав розигии маро барои овардани маркабҳои дўсташон гиранд.
Тахминан як ҳафта пас ман ба автомашинае нишаста, ба ноҳия рафтам. Тамоми рўз дар маркази ноҳия гаштугузор намуда, бегоҳӣ баробари торик шудан ба дари хонаи дўсти раис ангушт задам. Набераи мўйсафед дарро кушода, маро ба хона даъват кард. Вақте ки вориди меҳмонхона гаштам, мўйсафед болои ҷойнамоз фотеҳа мехонд. Баъди омин гуфтан ман барои ҳурматаш аз ҷой бархестам ва мо чуни дўстони дерина гарм вохўрӣ кардем…
Сипас, сари субҳ он ду маркабро ки ҳарду ҳамон хел полонҳои нав доштанд, пешандоз карда ба роҳ баромадам.
Тахминан баъди ду соати сафар аз пешам ду милисаи яроқнок баромаданд ва ба куҷо рафтанамонро пурсон шуданд.





