Баъдтар вақте нокомиҳо маро дунболагир шуданд, ҳамаашро аз беҷо кардани ҳамон наъли пеши хона медидам, чунки ҳамон вақт ман урфу одати ниёгонро пос надоштам…
Пеш аз фарорасии сармо ман дуюмбора ҳангоми дар хона набудани падарам се маркабро пешандоз карда, ба воситаи ҳамон пайроҳаҳои шинос ба хонаи дўсташ бурдам ва ин дафъа ў як маркабро гирифта, ба ду тойи дигараш полонҳои нав зада баргардонд. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро ин мўйсафеде, ки тасбеҳро лаҳзае аз даст намемонад, чӣ хел вақт ёфта, нисбат ба ин ҳайвонҳои безабон чунин дилсўзӣ мекунад…
Ин дафъа дар даромадгоҳи деҳаамон худи Боев маро пешвоз гирифта, ба хонааш бурд. Он ҷо ки аллакай автомашинаи «ГАЗ – 53» омадани моро интизор буд. Баробари вориди ҳавлӣ шудан мо ҳама якҷоя (ман, соҳибхона ва ронанда) маркабҳоро ҳамон хел бо полонҳои навашон ба автомашина бор кардем ва ронандаи ношинос муҳаррикро ба кор андохта бо мо худоҳофизӣ намуд. Мудир гуфт, ки бояд онҳо ҳамроҳи рама ба чарогоҳи зимистона раванд. Баъди ин барф заду ман дигар супоришҳои Норбоевро фаромўш кардам.
Акнун дар зери парҳои ҳавопаймо гоҳ биёбону гоҳ маҳаллаҳои аҳолинишини хурд ба чашм мерасиданд. Аз чӣ бошад, ки то ҳанўз саргузашти Норбоев маро дунболагир буд.
Ҳарчанд дар тамоми давраи зимистон раис маро ба гўшаи фаромўшӣ дода буд, вале баҳорон баробари кушодани роҳи ағбаи Сармобарак ва Аспандоз боз маро ба ёд овард.
Ман саргузашти Хоҷаи сагпарастро шунида будам ва акнун Хоҷаи маркабпарастро бо чашми худ дидам. Баробари ба деҳа омадани рамма рўзе амакбачаи раис Насимов маро аз нав ба мактаб ҷеғ зад. Ман, ки аз ҳама корҳои директору амакбачааш бехабар будам, ба мактаб рафтам.
– О, Сангинмурод, моро тамоман фаромўш кардӣ –ку, – баробари ба идораи директори мактаб даромадан аз ҷой бархеста бо ман вохўрӣ карда гуфт раиси колхоз. -Ин ҷо мо ҳамроҳи директор ҳамон масъалаи ба донишгоҳ бурдани туро муҳокима кардем.





