Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 397 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 397 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чун ҳавопаймо аз нав бо сўзишворӣ таъмин шуд, мошин ноаён аз паҳлуи ҳавопаймо дур шуд. Дар дохили тайёра мусофирони нав пайдо шуда, баъди чил дақиқаи фурудоӣ мо боз ба ҳаво бархестем. Васиам аз нав ҳалқаи забарҷадро кушода гирифт. Акнун то манзили мо анча роҳ монда буд.
Стюардесса аз нав мусофирони навомадаро ба борти тайёраи ТУ– 154, ки сарварии онро Гирро ба уҳда дошт, хайрамақдам гуфт ва хабар дод, ки ҳавопаймо дар баландии 9400 метр бо суръати 900 километр ба самти Душанбе ҳаракат дорад.
– Ин Гирояш кӣ? – нохост пурсид васиям.
– Ин ҳамоне ки чанд сол пештар ҳамин хел тайёраро аз фалокат эмин дошта, мусофиронро аз чанголи марг халос карда буд.
– Ту инро аз куҷо медонӣ? – боз пурсид васиям ба ин доногии банда таваҷҷуҳ зоҳир карда.
– Он солҳо дар бораи корнамоии ў ҳамаи рўзномаю маҷаллаҳо навишта буданд, наход нахонда бошӣ?
– Не, ман худам газета намехонам, ҳамаш аз сафсата беш нест, вале баръакси ман ҳамсарам ҷудо ба хондан шавқ дорад.
Шояд ҳамон кас хонда бошад, – гуфт ў.
Акнун ман боварӣ доштам, ки дар дунё одами аз ман ҳам бесаводтар будааст…
Худи ҳамон сол мо хонаҳоро сохта, ба истифода додем.
Қаср ҳам гўем, хато нахоҳад шуд. Падарам, ки як умр аз ҳисоби ронандагӣ умр ба сар мебурд, ҳангоми сохтмони хонаҳо қариб ҳамаи чорвоҳои хонадонро ба бозор бурда фурўхт…
Хулласи гап, ният ки дошт, ба мақсадаш расид. Ягона масъалае ки ба қавли падарам дар он сол ҳалли худро наёфт, ин ба ягон омўзишгоҳ бурдани ман буд, вале ман ду пойро дар як мўза ҷой карда гуфтам, ки имсол ба хондан намеравам.
Албатта, падарам бархилофи ақидаи ман баромада натавонист, чунки якравии маро нағз медонист. Ҳамсояҳо баъзан мегуфтанд, ки Сангинмурод дар якравӣ аз падараш монданӣ надорад…
Рўзе ба хона баргашта, пеши дар наъли асперо маҳкамкарда дидам ва хостам анбўрро гирифта, онро канда партоям, вале модарам мақсадамро фаҳмида гуфт, ки наъл дар пеши дари хона аҳли хонадонро аз ҳар гуна балову офатҳо ва чашми бад эмин медорад, вале ин ҳамааш хурофот гуфта, баъди ду рўз он наълро ман канда партофтам ва ба қавле ҳусни хонаро андак беҳтар кардам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан