Маркабҳоро оварданду ман қариб ки нашиносамашон. Ба онҳо полонҳои наву зебо, ки болояшон бо пўсти гўсфанди маҳинпашм оро ёфта буд, зада буданд. Соҳибхона ҳайрати маро дида гуфт, ки ин ду полонро пешакӣ барои ҳамон маркабҳои ваъдакардагии раис дўхта монда будам. Модоме ки раис ба қавлаш вафо накард, ман ин полонҳои зеборо ба сарам мезанам? Бигузор акнун онҳо ҳамин маркабҳои аз дил беруни раисро аққалан зеб диҳанд. Соҳибхона тасбеҳ дар дасташ ба ман роҳи сафед хоста омин гуфт ва мо ҳамон ҷо худоҳофизӣ кардем…
Дар бозгашт ҳам ба маркабҳо савор нашудам. Рости гап, дилам ба онҳо сўхт. Баробари торикшавӣ аз кўҳ поён фаромадам, ки аллакай чароғҳои барқӣ деҳароро мунаввар месохтанд. Дар торикӣ ҳам бошад, ман хонаи мудирро ба осонӣ ёфтам. Ў худаш пеши дарвоза пешу қафо мерафт ва ба фикрам омадани маро интизорӣ мекашид. Ниҳоят ў маркабҳоро гирифта, ба оғилхона бурд ва маро, ки нияти ба хона рафтан доштам, ба ҷону ҳолам намонда, ба хонааш таклиф кард ва баъди тановул ва каме истироҳат соатҳои 23 ба автомашинаи шахсиаш шинонда, то хонаамон бурд. Дар роҳ нисбат ба сарчўпон Бекмурод гапҳои пасту баланд гуфт, чунки маҳз бо хатои ў дўсти раис хафа шудааст. Ҳамин тариқ, аввалин саёҳати ман, ки бо супориши раис баргузор гардид, ба фикри худам бе натиҷа баромад…
Ҳавопаймо болои қумзорони беҳудуд ба самти Шарқ ҳаракат дошт. Стюардесса эълон кард, ки баъди ним соат тайёра ба Чимкент фуруд меояд. Дар вақти таъиншуда мо ба фурудгоҳи Чимкент бе мамониат фаромадем. Ҳанўз чархҳои ҳавопаймо ба замин нарасида, барои бехатарии мусофирон васии ман он ҳалқаҳои забарҷадро ба дастонам тоб дода, оҳи сабук кашид.
Ў чунон оҳ кашид, ки бинанда гумон мекард, ки ин ҳама мусофиронро якҷоя бо ин мурғи фўлодин ба души хеш оварда буд…
Мусофирони то Чимкент омада борхалтаҳояшонро гирифта фаромаданд. Ман аз иллюминатор дидам, ки автомашинае дар зери парҳои ҳавопаймо қарор гирифт ва лаҳзае пас ҷавони чусту чолоке рўдаи калони резиниеро кашида, ба парҳои мурғи фўлодин пайваст кард.





