Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 395 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 395 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Ба фикрам, саратро бо ҳамин дарбадарию ҳабсхонаҳо сафед кардаӣ? – гуфт милисионер.
Ман хостам гапи дурушт ба ў гўям, вале фикр кардам, ки ҷавоби аблаҳ сукут ва боз саргузашти маркабҳои Норбоевро ба ёд овардам…
Сари субҳ роҳ гирифта, ба хонаи сарчўпон Бекмурод рафтам ва маркабҳоро пешандоз карда, аз деҳа берун шудам.
Тамоми роҳ пиёда рафтам, чунки полонҳои ҳар ду маркаб ифлос буданд ва ман нахостам, ки либосҳоямро ифлос кунам.
Ниҳоят баробари фарорасии шом, баъди пурсиши чанд нафар хонаи дўсти раисро, ки дар самти ҳамин роҳи Аспандоз воқеъ буд, ёфтам ва ба дари хонааш ангушт задам. Мўйсафеди нуроние тасбеҳ дар даст дарвозаро ба рўям кушода, матлабамро фаҳмиду маро ба хона таклиф кард. Хона дар баландие воқеъ гардида, боғу роғи зиёд дошт.
Мўйсафед набераашро ҷеғ зада, амр кард, ки ба маркабҳо ему хошок диҳад ва маро гирифта ба меҳмонхонааш бурд.
Сипас дуо хонда, маро бори дигар хайрамақдам гуфт ва аз аҳволи дўсташ Норбоев пурсон шуд. Пурсид, ки дар ағбаи омадаам ягон касро дидам ё не ва ман гуфтам, ки дар ағба ба ғайр аз парандаҳо дигар касеро надидам. Азбаски он солҳо ҷавон будам, ҳатто мондагиро ҳам ҳис накардам. Аз дил гузаронидам, ки акнун маркабҳоро месупораму аз ин тараф бо мошин ё беҳтараш бо самолёт ба хона меравам. Вале баъди тановули шом ва ба ҷо овардани меҳмондориам соҳибхона сабаби ташрифамро пурсон шуд.
Гуфтам, ки раисбобо ҳамин маркабҳоро барои шумо фиристод.
Соҳибхона гуфт, ки раис қадри маро медонист, бояд ба ман маркаби сафед мефиристод. Раис медонад, ки ман маркаби сафедро хуш дорам, не, инҳоро ман қабул карда наметавонам.
Писарам, фардо гирифта, онҳоро бар ва ҳамин гапҳои маро ба гўши раис расонед. Ман роҳи пиёда паймудаамро ба ёд оварда, дилам сиёҳ шуд, вале ба ҷуз баргардонида бурдани онҳо дигар чорае надоштам.
Мўйсафед пеш аз намози бомдод маро бедор карда, ба чойнўшӣ таклиф кард ва чун зиёфати субҳонаро хўрдам, ў намози бомдодро адо карда, омодаи гусели ман шуд. Ба наберааш фармуд, ки маркабҳоро ҳозир кунад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан