… 3 …
Стюардесса эълон кард, ки баъди панҷ дақиқа тайёраи мо ки онро депутат Гиро идора мекунад, бо қитъаи Аврупо падруд гуфта, ба калонтарин қитъаи олам Осиё ворид мешавад. Ман боз ба иллюминатор чашм дўхтам. Ҳарчанд дар мактаби деҳа фанни географияро хонда будам, вале чизе дар ёдам намонда буд, аммо ҳангоми дар хизмат будан ва гузаштани дарсҳои сиёсӣ командири взводамон Тимошенко аз ман дар харита ҷудо кардани ин ду қитъаро талаб кард. Дар назди харита чун чўб рост меистодам. Юрий Дмитриевич аз ҷой бархоста, ба пеши харита омада гуфт:
– Оҳ Сабзаев, Сабзаев, наход ҳамин чизи одиро надонӣ? Ӯ чўбчаро аз дастам гирифта гуфт:
– Аврупоро аз Осиё қаторкўҳҳои Урал, дарёи Урал ва баҳри Каспий ҷудо мекунад. Канӣ такрор кун ва ман такрор кардам, чунон такрор кардам, ки то ҳанўз дар ёдам мондааст.
Акнун ман он хатти буриши ду қитъаро меҷўстам ва нохост баҳри калонеро дидам, ки болояш киштиҳо чун мурчагон дар ҳаракат будан ва беихтиёр гуфтам:
– Ана баҳри Каспий…
– Ту аз куҷо медонӣ?– пурсид васиям аз сухани ман як қат парида.
– Медонам,– гуфтам ман. – Агар бовар накунӣ, аз стюардесса пурс.
– Чӣ хел пурсам? Охир ў ин ҷо нест– ку?
Ман тугмачаи болои сари милисионерро пахш кардам ва лаҳзае пас стюардесса болои сарамон ҳозир шуда, ба тарафи ман муроҷиат кард.
– Чӣ хизмат?
Васии ман ноилоҷ гуфт, ки дарёи дар зери парҳои ҳавопаймо буда, чӣ ном дорад?
Духтарак табассуми латифе карда гуфт, ки ин дарё не, ин баҳри Каспий.
– Рафиқ Сабзаев, ту ҳам бало,– гуфт милисионер ва илова кард, ки чӣ хел фаҳмидӣ, ин баҳри Каспӣ аст.
– Ин ҷойҳо ҷойи буҷулбозии ман, – гуфтам.





