– Ана ин гапи дигар. Бо роҳи адир ба воситаи пайроҳаҳои Сармобарак ва Аспандоз ба он ҷо рафтан мумкин, ту он пайроҳаҳоро меёбӣ?
– Меёбам.
– Хайр, акнун ба падарат чӣ мегўӣ?
– Дадом ин саҳар ба шаҳр рафтанд.
– Чӣ ягон кор доштанд?
– Барои болои хонаҳои навсохтамон тунука меовардааст.
– Ин Сабзалӣ бало, чунон хонаҳое сохт, ки аз қаср монданӣ надоранд. Агар тунукаи сафед биёрад, боз ҳам зеботар мешаванд.
– Хуб, кай равам?
– Маркабҳо дар хонаи сарчўпон Бекмурод. Агар рафту дўстам онҳоро нагирифт дар бозгашт ба хонаи мудири ферма Боев рав ва онҳоро ба дасти вай супор! Хонаи ў дар баромадгоҳи деҳа.
– Медонам.
– Хайр акнун ба ту роҳи сафед! Соли оянда иншоолоҳ, ҳамин шабу рўз донишҷуи ягон донишгоҳи бонуфуз мешави..
– Ҳеҷ бовариам намеояд, ки рўзе ман донишҷӯ мешавам.
– Гўш кун, Сангинмурод, ман ба ту аттестати мактаби миёнаро ваъда кардам?
– Ҳа.
– Онро гирифтӣ?
– Ҳа.
– Модоме ки ман ваъда додам, ҳамааш мешавад, акнун аз пайи кор шав, – дастамро фишурда гуфт раис.
Аз идора баромада рост ба хона рафтам ва модарамро барои ба ноҳия рафтан розӣ намудам.
– Дар чӣ мерай, бачам?
– Дар мошин,– дурўғ гуфтам ман.
– Беҳтараш дар АН – 2 (навъи ҳавопаймои хурд) рав,- маслиҳат дод модарам, вале ман гуфтам, ки аз ҳавопаймо метарсам…





