Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 374 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 374 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Шумо гумон доред, ки ёфтани чунин заҳр дар Африқо осон аст ва ё андеша доред Хатаб бо худ садто чунин ампулаҳо оварда буд. Шояд вай ду-се ва ё даҳ дона чунин ампулаҳо оварда буд, вале ў се сол дар ин сарзамин буд...
Самти асосии “фаъолияти “ вай интиқоли маводи мухаддир буд, на интиқоли заҳр. Пеш аз ба дарёи Ому партофтани “сарват”-и араби ба ҷиҳодомада мо тамоми ашёи ўро, ки аз як халтаи сафари беш набуданд, такурўй намудем ва танҳо ҳамон як ампуларо ёфтем. Қиёмуддин онро барои нигоҳдорӣ ба дасти ман дод ва бандаи ношуд пойбанди муҳаббати модагурге шуда, ба амонати командир ҳам хиёнат намудам.
Шуморо бовар мекунонам, ки араби ба худкушӣ даст задаро дар ин самт дигар “меросхӯре” нест.
-Хиёнат ба амонат ду сари сабзро ба бод дод, - ёдрас намуд муфаттиш,
-Лаънат ба он рўзе, ки ман бо он модагург вохӯрдам.
-Ин ҳама таассуфҳо мушти баъди ҷанг ба ёд омадаро мемонад. Ҳоло бошад, мо донистан мехоҳем, он ампула дар куҷост?

  • Тири имдодҷўёнаи нигоҳи Фотима он чунон қалбам шикофт, ки дигар ман фарқи неку бадро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода, тариқи сӯзандору онро аз дохили ампула гирифта, ба як флакон (шиша)-и панҷмилиграмма гузаронидам.
    Дурусттараш, дохили флаконро низ бо ҳамин зайл аз маводи дар дохилаш буда холӣ намудам. Ампулаи холишударо чун нишонаи охирини “мероси” Хатаб ба ахлотқутӣ партофтам.
    -Рафту дар ягон ҷо боз он доруи ба мерос гирифтаатон садо баланд кунад чӣ?
    -Дору чӣ тавр метавонад садо баланд кунад?
    -Ҳамон хеле ки баъди чандин сол имрўзҳо садо баланд намудааст.
    -Ман аз тарафи хеш кафолат медиҳам, ки аз “мерос”-и овардаи араб дигар қатрае ҳам дар ягон ҷо намондааст.
    -Боз нашаваду...
    -Намешавад.
    -Дар дасти Фотима Амон чӣ?
    -Модоме ки онро дар ду ҳолат истифода бурдааст, шояд миқдори ночизи он дар зери шишача боқӣ монда бошад ва ё агар дозаи баландтареро истифода бурда бошад, ба гумон аст аз он мавод чизе боқӣ монда бошад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан