Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 375 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 375 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дозаи баландтараш чӣ миқдор аст?
-Аз рўйи таълимоти Хатаб то як миллиграмм - барои вазни то 75-80 кг. Дар ин бора дигар чизе гуфта наметавонам, чунки баъди вохӯрии охирин дар кӯчаи Айнӣ ман дигар вайро надидам.
-Аввали ишқ лофи мардона, охири ишқ туҳмати номард,

  • луқма партофт Шукрихудои Шариф.
    -Баръакс ман қурбони дасисабозиҳои он модагург шудам ё ҳамин ҳолати одии корро ҳам намефаҳмед, - эътироз намуд Саид Забир.
    -Мегуфтед ки доруи гуфтаатонро аз ампула чаро ба шишачаи дигар рехтед. Маводи аз дохили шишача беруновардаатон чӣ ном дошт?
    -Дар ёдам нест.
    -Вале, замоне доруро ба дасти Фотима додед, ҳамааш дар ёдатон буд.
    -Он рўз барои чӣ ва ба кадом хотир сабаби аз ампула ба флакон гирифтани доруро ба маъшуқаатон гуфта будед.
    -Аҷиб, ки дар он замон ман чӣ гуфта бошам, ҳеҷ чизро ба ёд оварда наметавонам.
    Ман ду-се маротиба тугмачаҳои диктофонро пахш намуда, оқибат ҳамон ҳолатеро, ки метавонист хотироти боздоштшударо рӯшан намояд, дарёфта, тугмачаи овозро зер кардам.
    ...”Гуфта намешавад, вале бидон ва огоҳ бош, ки ардуан доруи дар вақти амалиётҳои ҷарроҳи истифода мешудагист ва каме дозаи баландтари он боиси нафастангӣ ва тобхӯрии дасту пойҳо мегардад. Рафту агар ҳодисае рух диҳад, худро аз ҷавобгарӣ дар ҷинояти вазнин дур кардан ҳам имкон дорад ва ў дар бораи ардуан гап заду гап.”
    -О, бадбахте, бубин барои рўзи мабодо худро чӣ хел тайёр намудааст! Ман аз куҷо медонистам, ки дар сари ин оқипадар чунин андешаҳо давр мезанад.
    -Бовар накун ба дўстат, коҳ ҷой кунад дар пӯстат, - гуфт муфаттиш.
    -Бар гузаштагонатон раҳмат, айнан ҳарчӣ ки ба сари банда омад, аз ҳамин содагӣ ва содалавҳиам омад.
    -Хоксорӣ накунед.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан