Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 373 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 373 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳамаи инаш ҳам дарди бахайр буд, агар аз сари роҳи модагург боз ҳамон дастгиркунандаи нафари ба ҷиҳодомада намебаромад.
-Ному насабаш?
-Аз кӣ?
-Аз ҳамон нафаре, ки Хатабро дастгир намуда буд, - гуфтам ман.
-Ин ҳамон шоҳидест, ки шумо чанд рўз пештар моро бо ҳам рў ба рў намуда будед. Ба фикрам, аз дасти ин гурсўхта мо дар ягон гўшаи олам оромӣ намеёбем.
-Чӣ шумо пештар ҳам вайро мешинохтед?
-Мутаассифона.
-Пас чаро он рўз шиносоӣ бо ҳамро инкор намудед, вале бояд гўям, ки нафари он рўз дар рў ба рўятон нишаста дар ҳақиқат шуморо нашинохт.
-Ҳаминаш беҳтар шуд. Ман вай гурсўхтаро танҳо баъди оне шинохтам, ки шумо ному насабашро ба забон овардед. Ба ростӣ, ў ва ў баринҳо ҳеҷ гоҳ оромиро намехоҳанд, ҳамеша аз таги нохун чирк мекобанд.
-Барои шумо барин дегҳо чун ў барин кафлез ҳамеша лозим буд, ҳаст ва хоҳад монд. Дар озодӣ будани шумо барин афрод ин як хатарест барои атрофиён, барои ҷамъият. Мисли оне, ки гургҳо дар тоза намудани табиат саҳмгузоранд ва гургро санитари табиат ном мебаранд, ҷамъият низ ба санитарӣ хеш ниёз дорад ва нафаре, ки шумо гурсўхтааш хондед, чун гург аст, ки тозагии ҷамъиятро ба душ гирифта.
Чунин афрод мисли Намоз Хаёл ҳеҷ гоҳ ҳодисаеро дида бетараф гузашта рафта наметавонанд, зеро дасту дил ва виҷдонашон пок аст.
...
-Чаро ба даҳон об гирифтед, чунки медонед “офтобро бо доман пӯшонида намешавад” ва Намоз Хаёл барин инсонҳо чун офтобанд, ки ҳамеша бо нури хеш рўшноӣ ва гармӣ медиҳанд ва акнун мегуфтед, ки “сарвати ба меросгузошта”-и Хатабро боз ягон “меросхӯре” ҳаст?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан