Сипас худам каме тағйири мӯю рўй намуда, ба идораи суд рафтам ва дар бораи кору бор ва самти ҳаракати ҳамон судяи бевиҷдон маълумот гирд овардам. Рӯзе ў маро дар айвони бинои идорааш дида, ҳатто гап партофт, вале ман бо нозу карашма аз ў дур шудам. Чун судя маро нашинохт, боз далертар шудам ва аз рўйи филмҳои детективии дидаам он рўз чанд дона занбӯрро ба қуттии гӯгирд андохта, сўзани заҳрдорро дар дохили ғилоф (футляр) ҷо ба ҷо намуда, онро озод ба сумкачаам андохта, ба идораи суд рафтам...
Тахминан баъди даҳ-понздаҳ дақиқаи дар он ҷо буданам борон гирифт ва лаҳзае пас раиси суд ҳам баромад.
Ў маро дар чунин рўзи боронӣ дар долон танҳо дида пурсид:
-Шумо ба назди кӣ?
-Ному насаби судяеро, ки чанд дақиқа пештар аз дафтари кориаш баромада рафта буд, - ба забон овардам.
-Каме дер мондед, имрўз он кас барвақттар ба хона рафтанд, беҳтараш фардо биёед.
-Акнун ман дар ин борон чӣ хел меравам? - ҳайратамро нигоҳ дошта натавониста гуфтам ман.
-Шумо ба кадом тараф ?
-Ба самти маҳаллаи Зарафшон.
-Ман низ қариб ба ҳамон самт меравам ва агар зид набошед, биёед ман шуморо мебарам.
-Ташаккур барои меҳрубониатон.
-Набошад ба пеш, - гуфт судя ва мо ҳарду зери чатри банда паҳлуи ҳам то пеши автомашина рафтем. Ў дари пеши тарафи рости автомашинаро кушода, маро ба нишастан таклиф намуд.
-Зид набошед, ба курсии қафо нишинам, - бо як нозу карашма гуфтам ман.
-Ҳарҷо, ки дилатон хоҳад, марҳамат, - гўён ронанда аз самти пеши автомашина гузашта, ба тарафи чапи он ҳаракат кард ва ман низ аз қафояш қадам задам.
-Ў ин навбат дари қафои тарафи чапи автомашинаро кушода, бандаро ба нишастан ҳидоят кард. Сипас муҳаррикро ба кор даровард ва лаҳзае пас автомашина ба роҳи калон баромад. Аз оинаи рў ба рўяш гоҳ-гоҳ ба симои нафари дар





