қафояш нишаста назар намуда, сабаби ташрифамро ба назди судя пурсон шуд
-Ба кори шахсие барои маслиҳат ба назди эшон омада будам.
-Чаро ба назди раиси суд не?
-Маро ба назди он кас як шиносам фиристод.
-Рафту агар минбаъд ба шумо ёрии ҳуқуқие лозим шавад, рост ба назди ман биёед, акнун мо шиносҳои дерина.
-Чӣ гуфта биёям, модоме, ки номатонро нагуфтед?
-Замир Собир.
-Фаҳмидам, ба фикрам шумо калони ҳамаи судяҳо....
Тайи ин муддат мо ду гузаргоҳро, ки чароғаки роҳнамо насб шуда буд, бинобар сурх нашуданашон бе мамониат гузаштем. Ба ростӣ, дар он лаҳзаҳо аз амалӣ нашудани ҳадафам тарсидам. Охир ман наметавонистам ҳангоми ҳаракати автомашина сўзанро ба бадани нафаре, ки виҷдонашро кайҳо фурӯхта буд, халонам. Ин амал ба худкўшӣ баробар буд ва боз маро дар хона Муҳиб ва писарчаам интизор буданд.
Дар наздикии гузаргоҳи сеюм суръати ҳаракати нақлиёти аз пеш буда паст шуд ва ронанда нигоҳашро аз оина барканда, пой ба тормоз бурда, диққаташро ба нақлиёти аз пешаш ҳаракаткунанда бештар кард. Баробари исти автомашина ман дасти чапамро болои сари ронанда бурдам.
Шояд ў гумон дошт, ки ман мўи сарашро чун арзи эҳтиром сила мекунам ва бо ин амал барои муносибатҳои минбаъдаамон роҳ мекушоям, вале ман яку якбора мӯйи сари аллакай дар зери чанголам бударо мисли бабри даранда ба қафо кашидам ва сўзани тайёри дар дасти ростам бударо бо як чолокӣ ба шоҳраги гарданаш халонидам. Ин амалро ман дар як мижа задан хотима додам. Ў чунон наъра зад, ки овозаш овози шери жаёнро мемонд, вале, хушбахтона, борон он садои имдодҷўёнаро аз дохили салони автомашинаи сиёҳшиша, ки соҳибаш худро аз чашми бадбинон ҳифз кардан мехост, ба гӯши мардуми дар атроф буда расидан намонд. Ба андешаи баъзе аз тангназарон сиёҳ будани тирезаи автомашина нишонаи шукӯҳу салобат ва ҷавонмардист ва дар он рўзи боронӣ маҳз ҳамин “ҷавонмарди”-и судя бандаро аз чашми бадбини атрофиён ҳифз намуд ва ман сўзани истифодашударо аввал ба ғилоф, сипас ба сумкачаам андохта, ба тарафи рости нишастгоҳ гузашта, гӯгирдро кушода, занбӯрҳоро сар дода, дарро кушода, баромада ба тарафи гузаргоҳ ҳаракат намудам.





