Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 362 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 362 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чун Муҳиб ҳанўз хоб буд, надаромад ва гуфт фардо субҳ маро дар ҳамон ҷойи вохӯриҳои пешин интизор мешавад. Розӣ шудам ва Саид аз санҷаки дар пас гашт. Рўзӣ дигар дар вақти таъиншуда ба ҳамон ҷое рафтам, ки ў бори аввал ашки чашмонамро пок намуда ва аз рухсораам бӯсида буд. Чун вай аллакай он ҷо буд, ба истиқболам бархест ва муҳри муҳаббатро дар лабонам гузошт ва мо ҳарду паҳлуи ҳам ба курсӣ нишастем. Саид як шишачаи хурдеро, ки аз ним камтараш маҳлул дошт, ба дастам дод.
-“Ардуан” номи аҷиб, вале муҳлаташ кайҳо гузаштагӣ, - баъди шиносоии пурра бо навиштаҷоти болои шишача изҳори нигаронӣ намудам ман.
Саид нигаронии бандаро дида гуфт:
-Натарс, ин ҳамон заҳри аз араб боқимонда аст ва ман танҳо шишааш (ампула) -ро иваз намудам
-Чаро?
-Гуфта намешавад, вале бидон ва огоҳ бош, ки дар тиб ардуанро дар вақти ҷарроҳӣ истифода мебаранд. Дозаи баландтари он боиси нафастангӣ ва тобхӯрии дасту пойҳо мегардад. Пешомадро касе намедонад, вале рафту агар ҳодисае рух диҳад, имкони пурраи худро аз ҷавобгарӣ ҳифз кардан ҳаст ва ў дар бораи ардуан гап заду гап...
-Баъд чӣ шуд? - пурсид муфаттиш.
-Саид гуфт, ки баъди ду рўз ҳамроҳи ҳамсараш ба осоишгоҳи “Гармчашма” меравад. Шояд ў гумон дошт, ки тариқи “туҳфаи”овардааш ман худро аз ҳамсари дар курсии маъюбӣ будаам халос карданиам. Чун Муҳиб ба курсии маъюбӣ нишаст, ман ўро аз пештара дида зиёдтар дўст доштам ва чӣ тавр метавонистам падари фарзандамро, нафареро, ки зиндагиамро ба хотири муҳаббаташ дигаргун сохтам, аз байн барам. Ман ҳамеша онҳоеро, ки боиси бадбахтии чандин оила гаштаву аз ҷазои қонун гурехтанд, чун мехи хаймаи чӯпони тан ба хок, санг бар сар ва ресмонро дар гарданашон дидан мехостам. Акнун ки он дору дар дастам буд ва дар борааш маълумоти кофӣ доштам, дигар касе садди роҳам шуда наметавонист. Сараввал ман расми он духтарро бо вашми гули лола, ки Элмира ном дошту ман вайро хуб мешинохтам, аз рўзномае аксбардорӣ намуда, тариқи почта ба дасти судя фиристодам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан