Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 348 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 348 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Аз ҳамин лаҳза ман шуморо барои даст доштанатон дар куштори ду нафар боздошт менамоям. Беҳтар мебуд, шумо барои каме ҳам паст намудани дараҷаи гуноҳатон бо тафтишот ҳамкорӣ мекардед. Рафту агар шумо худ имконияти пардохти ҳаққи ҳимоячиро надошта бошед, худи давлат ин самти корро низ ба душ мегирад. Дар давоми ҳамин рўз мо ба аҳли оилаатон дар бораи боздошт намуданатон хабар хоҳем дод.
Масъалаи нигоҳубини фарзанди ноболиғатон низ тариқи мақомоти ҳифзи муҳофизати кўдакон баррасӣ хоҳад шуд.
Инчунин, шумо ҳуқуқ доред, ки барои собит намудани дараҷаи бегуноҳии хеш далелҳо пеш оваред, вале ин ҳама дар суҳбатҳои оянда...
Чун милитсионерон барои бурдани боздоштшуда омаданд, муфаттиш протоколи боздоштшавии гумонбаршударо имзо гузошта, барои бурдани Фотима Амон рухсат дод.
Муддате мо сари андешаҳои хеш сокит нишастем ва хомӯширо танҳо виз-визи пашаи сиёҳе, ки болои сарамон парвоз дошт, вайрон мекард...
-Ин лейтенанти шумо ҳам бало, муҳри хомушӣ аз лаб гирифта гуфт муфаттиш.
-Шукрихудои Шарифро дар назар доред ?
-Бале, - гуфт Нӯшини Азиз ва боз сари андеша рафт...

... 21 ...
Дар ҳама гуна набард истифодаи тактикаи дуруст нақши ҳалкунанда дорад. Мо имрўз пеш аз ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол додани Фотима Амон гурўҳи боздоштшудагони пешинро барои ҳавои тоза гирифтан ба саҳни ҳавлии ИВС, ки аз он ҷо даромадгоҳи бино бараъло намудор аст, баровардем. Интиқолдиҳандагони боздоштшуда гузориш доданд, ки дар як лаҳзаи кўтоҳ ҳам бошад, нигоҳи ҷавонзан бо нигоҳи Саид Забир бархӯрд. Ин амал боиси он гардид, ки боздоштшуда Саид Забир соате пас вохӯрии таъҷилиро талаб кард. Мо низ ҳамин ҳолатро интизор будем, вале ба хотири дар ниҳоди боздоштшуда туғёни бештаре ба миён овардан талаби вохӯрии фавриро боз ду соат мавқуф гузоштем...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан