Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 349 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 349 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ба фикрам, хоҳиши моро дидан намудед, - баробари ба курсӣ нишастани боздоштшуда пурсид муфаттиш.
-Бале, ҳамин тавр.
-Шуморо гўш мекунем.
-Мехостам барои амали ноҷои хеш аз шумо узр пурсам.
-Барои кадом амалатон?
-Барои нишондоди бардурўғ доданам.
-Мо аслан донистан мехостем, ба кадом хотир шумо ба чунин амал даст задед?
-Ба хотири нафаре, ки дар талоши адолат дасту остин барзада буд.
-Ному насабаш?
-Номаш Фотима, насабашро намедонам.
-Байни шумо чӣ пайвастагие ҳаст?
-Чанд моҳ боз мо шиносем.
-Дигар ҳеҷ?
-Ҳеҷ.
-Яъне, ба хотири ҳамин як шиносоии одӣ шумо ба амале даст задед, ки қонун барои чунин амал ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
-Вне закона можеть оказаться каждый.
-Ин ҳанўз роҳи худсафедкунӣ нест.
-Хайр, ҳамин хел шуд, хостам ба Фотима ёрӣ диҳам, аз оқибати кори хеш андеша накардам.
-Сабаби ба чунин амал даст заданатонро шарҳ диҳед, - гуфт Шукрихудои Шариф.
-Мо чанд моҳ боз шиносем, Фотимаро намедонам, вале ман дар нисбати вай бе таваҷҷуҳ нестам.
-Андешаҳоятонро каме соддатар намуда баён созед, - таъкид кард лейтенанти милиса.
-Шояд ин ҳиссиёте бошад ба муҳаббат монанд, ҳарчанд дар ин бора Фотима чизе намедонад.
-Оё шумо намедонистед, ки ў шавҳар дорад ва боз соҳиби фарзанд ҳам ҳаст?
-Ман ҳамаашро медонам, ки ў кӣ буду чӣ шуд, вале муҳаббат ҳам ба ў вафо накард.
-Шуморо ҳеҷ фаҳмида натавонистем, сараввал гуфтед, ки ҳамагӣ чанд моҳ боз шиносед, гуфтед ҷавонзан дар бораи ҳиссиёти шумо чизе намедонад ва акнун моро бовар кунониданӣ мешавед, ки дар бораи ин зан ҳамаро медонед...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан