Чун дар ду навбати ҳаракати нақлиёт ҳамон автомашина аз ҷояш наҷунбидааст, маҳз ҳамон нафаре, ки шуморо дида будааст, ба ёрии ронанда шитофта, ўро сари чанбараки автомашина фавтида дарёфтааст, вале ин ҳануз анҷоми кор нест, - гуфтам ман.
-Боз чӣ? - пурсид мусоҳиби мо.
-Анҷоми баҳси тақдирсоз он аст, ки шоҳиди дуюм бо нишондоди бардурўғаш шоҳиди авваларо дар ҷинояти мудҳише гунаҳкор карданӣ шуд, вале тираш хок хӯрд, чунки тафтишот собит намуд, ки дар он шабу рўз ў ва ҳамсараш дар осоишгоҳи “Гармчашма” буданд. Акнун суоле ба миён меояд, ки шоҳиди қалбакӣ барои чӣ ва ба хотири кӣ пушт ба суйи ҳақиқат гардонида, дидаю дониста нафари бегуноҳеро ба вартаи бало партофтанӣ шуд ва ман бо сухани Ҷалолиддини Балхӣ:
Он чӣ бомаънист, худ пайдо шавад, Он чӣ бемаънист, худ расво шавад,
-гӯён ба ин қисмати суҳбати хеш нуқта гузоштанӣ шудам.
-Гумон доред, ки ў ба хотири ман ба чунин амал даст задааст?
-Аз рўйи далелҳои то ба имрўз гирдовардаамон мо чунин мешуморем.
-Ҳоло вай дар куҷост?
-Кӣ?
-Нафаре, ки ба хотири ман шуда дигареро ба зери шубҳа гузоштанӣ шудааст?
-Дар ИВС, агар хоҳед ўро ба ин ҷо даъват намоем.
-Фикр доред, ки ў маро мешиносад?
-Чун вайро биёранд ҳамаашро хоҳед фаҳмид.
-Лозим нест ва бояд арз намоям, ки аз ҳамин лаҳза ман бе иштироки ҳимоячӣ дигар каломе ба забон нахоҳам овард.
Муфаттиш ба қисми навбатдории милиса занг зада, омадани конвойро (милитсионероне, ки боздоштшудагонро аз як маҳал то маҳали дигар ҳамроҳӣ мекунанд) барои то ба ИВС ҳамроҳӣ намудани боздоштшуда Фотима Амон талаб кард. Сипас Нӯшини Азиз ба тарафи мусоҳиби ултиматум пешовардааш нигариста гуфт:





