Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 317 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 317 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дуруст фаҳмидед, вале дурўғ ба хотири чӣ?
-Инашро намедонам.
-Пас агар чунин аст, моро зарур аст аз фардо дер намонда ба таври расмӣ ҳарду шоҳидеро, ки дар нишондодашон мухолифат дида мешавад, рў ба рў намоем.
-Роҳи дигареро намебинам.
Пеш аз ба хона рафтан ман ба нозири минтақавӣ занг зада хоҳиш намудам, ки фардо субҳ иштироки Намоз Хаёлро ба назди муфаттиши прокуратура таъмин намояд.
Чун лейтенанти милиса Шукрихудои Шариф имрўз аъзои гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ буд ва сарвари милиса аз рафти корҳои ҷустуҷўии хабардор, банда дигар вохўрии бегоҳирўзиро интизор нашуда, ба қавле барвақттар ба хона рафтам. Бо фарораси шом ба дар ангушт задам ва бонуи хона дарро ба рўям кӯшода, худ боз ба ошхона рафт. Чун вориди ҳуҷра шудам, Абдумаҷидро дидам, ки тариқи шабакаи ОРТ барномаи “Аз ҳама беҳтар” -ро (барандааш Максим Галкин) тамошо дорад. Чун барнома аз ҳаёту фаъолияти истеъдодҳои ҷавон гузоришҳо пахш мекард, Абдумаҷид низ мухлиси доимии ҳамсолони хеш гардида буд. Ман болои мулоимкурсӣ паҳлуи ҷигарбандам нишаста, чашм ба “оинаи нилгун”дӯхтам. Тахминан, баъди ҳашт-даҳ дақиқа баранда писарбачаи 9-сола Роман Тропининро, ки дўстдори илми серпонтология будааст, рўйи саҳна хонд ва сипас ин дӯстдори хазандаҳо дар бораи сокинони серпантарий, ки мори бумсланг ҳам он ҷо буд, ҳарф заду ҳарф...
Мухолифат дар нишондоди шоҳидон ва боз намоиши телевизионии “Аз ҳама беҳтар” ки писарбачаи нуҳсола Роман Тропининро сазовори гирифтани медал донист, мавҷи хотиротамро лаҳзае ҳам бошад, лаппиш дод. Бояд иқрор шуд, ки агар соле пештар касе ба ман дар бораи мор ва зиндагии ин намуди хазандагон сухан мегуфт, эҳтимол эшонро ба хомӯш шудан ҳидоят менамудам, чунки аз хурдӣ ман моро дўст намедоштам ва агар гоҳе ҳам бо ин хазандаи чолок рў ба рў меомадам, мўйи баданам рост мешуд, вале баъди ҳодисаи дар кучаи Айнӣ рухдода ва рўйи саҳна омадани мори африқоӣ нигоҳи банда нисбат ба рўзгори морҳо ба куллӣ тағйир ёфт.
Тайи ин муддат ман дар бораи морҳо он қадар китобҳоро варақгардон намудам, ки ҳисобаш нест.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан