самти рости роҳ ҳаракат намуда буд, назарияи пешинро чун хоначаи гилини лаби соҳил, ки ба инҷиқиҳои табиат тоб наоварда фурў рафт, ба боди фано бурд. Ба тафтишот дасти ёрӣ дароз намудани ҷомеаи шаҳрвандиро дида, намоиши телевизиониро ба мақоли халқии “Сад задани сўзангару як задани оҳангар” баробар намудем ва то фаҳмидем, ки “бе дарди саре нишаста будем, пул додаву дарди сар харидем” фарсахҳо гузашт.
Ҳарчанд нишондоди роҳгузаре, ки бо амри дил ба тафтишот ёрӣ додан мехост, нишондоди шоҳиди аслии воқеа Намоз Хаёлро ба зери шубҳа мегузошт, вале онро фоҷиа пиндоштан хатои маҳз буд. Инчунин, шоҳиди нав бархилофи чанд тан аз дигар нафароне, ки баъди ба эфир рафтани намоиши телевизионӣ ба мақомоти ҷустуҷўӣ омада, қисман нишондоди шоҳиди асосиро дар самти ҳаракати он бонуи асрорангез тасдиқ намуда буданд, рад намуд, ҳол он ки аз самти мавқеи ҳаракат бояд Саид Забир (шоҳиди навро чунин ному насаб буд) он бонуро ҳам медид. Бубинед, дигарон диданд, вале ў надид. Ана ёбу гир. Самти хати нигоҳ як, вале натиҷаҳо гуногун. Чӣ сару савдое...
Барои қабул ва ё рад намудани ин нишондодҳо гузаронидани амалиётҳои тафтишотӣ ногузир буд ва, албатта, мо дар фикри гузаронидани чунин амалиётҳо будем, чунки худи қонун санҷиши ҳама гуна нишондодҳоро баҳри бартараф намудани мухолифати ба миёномада пешбинӣ намуда буд.
Бояд зикр намуд, ки мухолифат дар ҳама ҳолат барангезандаи баҳс аст. Дар корҳои тафтишотӣ бошад, ин амал боиси даъвои тарафҳо шуда метавонад. Дар чунин мавридҳо пешниҳоди далелҳои муътамад метавонад дар баҳси ба миёномада нуқта гузорад. Нишондоди Саид Забир санҷиши мукаммал ва бечунучароро тақозо мекард. Аз ҳамин лиҳоз, банда ба сарвари гурўҳи тафтишотӣ занг зада, дар бартараф намудани мухолифати дар рафти пурсиши шоҳидон ба вуқўъ пайваста маслиҳат пурсидам.
- Рафиқ майор, мо ҳам чун ҳамон устои дарсоз дар шинондани дар дар мондем.
-Гумон доред, ки кадоме аз ин ду шоҳид дидаю дониста дурўғ мегўяд?





