Аз рўйи маълумотҳои ба даст овардаам дар собиқ Давлати Шўравӣ нуҳ сенпантарий (ки онҳоро фермаҳои парваришӣ ҳам ном мебурданд) амал мекард, ки калонтаринаш дар минтақаи Осиёи Миёна дар наздикиҳои шаҳри Тошканд сохта шуда буд. Сенпантарии шаҳри Тошканд дар охирҳои солҳои 60-ум ва аввалҳои солҳои 70-уми асри гузашта пурра ба фаъолият шурӯъ намуд ва имкони пурраи бо заҳри мор таъмин намудани саноати фарматсевтии мамлакатро доро буд. Аз эҳтимол дур набуд, ки сенпантарияҳои дигар низ дар гирифтан ва захира намудани заҳри мор ва ғанӣ гардонидани ин маводи нодир барои саноати дорусозии мамлакат ва ба хориҷа баровардани он саҳмгузор буданд.
Мутаассифона, баъди пошхӯрии СССР, сенпантарияҳо ҳам ба ҳоли табоҳе гирифтор шуданд, ҳарчанд кормандони ин муассисаҳо моҳҳо маош намегирифтанд, кўшиш ба харҷ медоданд, ки ин хазандаҳои нодирро ҳифз намоянд, вале дар интиҳо аз набудани маблағ фермаҳои мазкур фаъолияти хешро қатъ намуданд. Акунун дар тамоми минтақаи пешин, ки мо ёдовар шудем, чунин як сенпантария дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия амал мекард, вале мори бумсланг, ки ба даҳгонаи заҳрноктарин морҳои ҷаҳон шомил аст, дар он ҷо нест. Ман ҳатто нафаҳмидам, ки барои шоу барномаи телевизионии имшаба Максим Галкин он морҳоро, ки дар дохили хоначаҳои булӯрини шишагӣ ҳаракат доштанд, чӣ тавр ва аз куҷо пайдо намуда оварда буд? Дар бораи бумсланг суолҳо беист дар майнаам чарх мезаданд, вале канӣ ҷавоб. Ба ин суол танҳо нафаре посух гуфта метавонист, ки дар марги ду тан даст дошт ва банда итминони комил доштам, ки дур нест он рўзе, ки мо ташнагони посух бо донандаи он асрори ниҳон сари суфраи қонун нанишинем.
-Хӯроки шом тайёр, - гуфтани ҳамсарам маро аз гирдоби андешаҳо берун овард...
...15...
Ҳар як ҳаракати тафтишотӣ дорои хусусиятҳои хоси хеш буда, дар асоси Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати сар задани мухолифат дар нишондоди субъектҳои мурофиаи ҷиноятӣ мақомоти таҳқиқ ва тафтишро ба ҷуз рў ба рў намудани иштирокчиёни мурофиа, ки дар нишондодашон мухолифат дида мешавад, дигар чорае нест.





