Дар самои бекарона ҷо-ҷо абрҳои пароканда чун киштиҳои хурд дар уқёнуси бузург шино доштанд, вале аз парокандагӣ қодир набуданд, ки шуои офтоби оламафрўзро лаҳзае ҳам паси пардаи ҳарири хеш нигоҳ доранд ва роҳгузаронро аз ин нурҳои сўзон эмин созанд.Ин субҳ ман бисёр кӯшидам, ки лейтенанти милиса Шукрихудои Шариф ба эҳсосот дода нашавад ва ўро барои анҷоми корҳои дирӯзааш фиристодам, вале баъди шунидани каломи шогирд худам ҳеҷ ором шуда натавонистам, ки натавонистам. Аз рўйи вазъи ба вуқўъ пайваста нигоҳи ман боз дар атрофи муносибати субҳгоҳии прокурор ва милиса давр зада, мавҷи хаёлоти бандаро дар як мижа задан ҳазорҳо фарсах ба қафо партофт. Яке аз сабабҳои шикастхурии Германияи гитлерӣ дар он буд, ки СД (разведка) ва СС (гестапо) дар мубориза танҳоиро пазируфта, дар алоҳидагӣ кӯрпаро ба тарафи хеш мекашиданд, - мегуфт собиқ генерал Ҷобиров. Он солҳо чун Шукрихудои Шариф ман ҳам лейтенант будам ва бо дастгирии полковники милиса Амириён, ки сарварии милисаи ноҳияи Гулистонро ба душ дошт, боре аз суҳбати генерал Ҷобиров шарафёб шудам ва бо гузашти солҳо амали субҳгоҳии прокурор дубора суханони собиқ раиси КБД-ро ба ёдам овард.
Рўз қариб бе марому якранг гузашт, не садое, не гуле, не пари парвона дидам ва не садои булбуле шунидам. Чун офтоб майли ба ғуруб рафтан намуд, дар дили ман низ шӯълае аз бозгашт ба коргоҳ пайдо шуд. Ба нақлиёти шаҳрӣ нишаста, ба коргоҳ омадам. Ёвари навбатдор бандаро дида хабар дод, ки дар давоми рўз чанд тан ба суроғам омада буданд, вале баъди интизориҳои зиёд умедашонро аз бозгашти шумо канда баромада рафтанд.
-Агар зарурияте онҳоро ба ин макон оварда бошад, боз бармегарданд, - гўён ман ба ошёнаи дуюм баромадам. Аз паҳлуи дафтари ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гузашта истода, дарро нимкушода дида, аз рўйи таомул ба он ангушт задам ва танҳо баъди шунидани овози соҳибмулк онро кушодам. Шукрихудои Шариф ҳамроҳи нафаре, ки ду умрашро ёд дошт, сари суҳбат қарор дошт.





