Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 306 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 306 аз 499 · 2 ноябри 2026

-То дар якҷоягӣ бо вай суҳбат намоем, ин субҳ бошад, ў маро пушти дар интизор шав, - гуфт. Магар ҳамин аст оини ҷавонмардӣ, ҳамин аст қимати сухан?
-Хайр, чӣ ҷойи хафа шудан, канӣ бинем боз чӣ мешавад?
Супоришро бошад, на прокурор, балки сарвари милиса дода буд.
-Медонам.
-Муҳим он аст, ки шумо, рафиқ лейтенант, супориши сарвари идораро иҷро намудед ва чӣ хеле гуфтед, дигар кунда мекафад ё ҷувоз кори мо нест, колаи бад ба соҳибаш насиб кунад. Ҳоло бошад, аз пайи корҳои дирўзаатон шавед!
-Итоат.
Баъди рафтани Шукрихудои Шариф ман боз муддате дар танҳоӣ сари гуфтаҳояш андеша намудам ва суханони муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз: “Пайдошави кайк дар пӯстин қадри кайкро намеафзояду нархи пӯстинро коҳиш намедиҳад”-ро дубора ба ёд овардам.
Симои шогирд ҳеҷ аз пеши назарам дур намешуд, аз он ки сарназоратчии қонун бо як сухани ноҷо қалби вай шикаста буд, ҷойи баҳс набуд. Ҳатто чун шунавандаи дуюм аз ба ёд овардани суханони Раҳмон Маҳмуд қалби ман фишурда шуд.
Ҳамагӣ ҳафтае пеш ҳамин ҳомии қонун, ки зердасташро пушти дар гузоштаву худ дар танҳоӣ бо нафари гумонбаршуда суҳбат меорояд, бандаро дар пуштибонӣ накардан аз сиёсати кадрӣ гунаҳкор карданӣ шуд. Шояд посухи банда дар он лаҳзаҳо барояш он қадар ғайричашмдошт буд, ки яку якбора Воҳид Камолро ба муқобилам барангехт, вале ҳамаи гуфтаҳои оншабаи ў қалби ман чунин нашикофта буд, мисли оне ки ҳамагӣ лаҳзае пеш аз забони шогирд шунидам. Танҳо ба ёд овардани суханони муфаттиш подзаҳре шуд дар атрофи гуфтаҳои патронаш...
Аз чӣ бошад, ки дасту дилам ба кор майл надошт, ҳарчанд коғазу коғазбозӣ дар милиса ҳамеша басанда аст.
Кўшиш намудам аз рўйи парвандаҳои ҷустуҷўӣ дар истеҳсолот буда нақшаю чорабиниҳо тартиб диҳам, вале чун майли кор дар замирам туғён назад, ба хотири аз сар дур кардани андешаҳои бе сару нӯг аз бинои милиса баромадам. Нурҳои офтоби сўзон чун каломи ногаҳон аз забон берун омада майна ва қалби роҳгузаронро месўхт, ки ҳар кадоме кӯшиши зери дарахтони паҳлуи роҳ пинҳон намудани сари хешро дошт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан